Тарбуза. Аз далелу арқом то хурофот

Ватани аслии тарбузаро олимон Африқои Ҷанубӣ меҳисобанд. Он дар Мисри Қадим ҳам маълум буд. Айни замон бузургтарин кишварҳои истеҳсолкунандаи тарбуза дар ҷаҳон Чин, Эрон, Туркия, Ҳиндустон, Бразилия, Алҷазоир, Россия, Ӯзбекистон, Миср, Мексика, Ветнам, Испанияву Қазоқистон ба шумор мераванд. Тоҷикистони мо низ ватани тарбузаҳои хушмазза аст.

Маънии «тарбуза»

Вақте ки дар бораи маънии номи тарбуза сухан меравад, бояд инро таъкид кунем, ки онро бо номҳои «тарбуз», «ҳиндувона», «андина», «добуғ», «қорпӯз», «тарбайза», «биттихи ҳиндӣ» низ мешиносанд. Соҳиби «Фарҳанги Низом» калимаҳои тарбуза ва тарбузро мухаффаф (шакли кӯтоҳшуда)-и тарбайза медонад. Номи маъруфи арабияш «биттих» аст. Айни замон тоҷикони Осиёи Миёна нисбати ин меваи ширин вожаҳои «тарбуз» ва «тарбуза»-ро истифода мебаранд, дар байни мардуми Эрон ва Афғонистон бошад, калимаи «ҳиндувона» бештар истифода мегардад.

Дар забони русӣ барои ифодаи тарбуза калимаи «арбуз» истифода мегардад, ки баромади он аз калимаи форсӣ-тоҷикии «харбуз» ва ё «харбуза» мебошад. Дар асрҳои XIV-XV русҳо бо ин калима шинос мешаванд ва нисбати тарбуз низ онро мавриди истифода қарор медиҳанд.

Маънои «харбуза»-ро агар шарҳ доданӣ шавем, дар ин калима хар ба маънои калон, «буза» бошад, меваи хушбӯй маънӣ дорад, яъне меваи калони хушбӯй. Калимаи «буза»-ро бодаринг ҳам гуфтаанд ва агар аз ин нуқтаи назар андеша кунем, «харбуза» бодаринги калон маъно дорад. Калимаи «тарбуза»-ро агар иборат аз ҷузъҳои «тар» ва «буза» ҳисоб кунем, пас дар ин ҷо тар маънои сероб, нек ва зеборо медиҳад, яъне маънои он меваи хушбӯи сероб мешавад, ки ба гумони мо ҳама сифати онро ифода мекунад.

Дар мавриди маънии номи дигари тарбуза — ҳиндувона низ шарҳи ҷолиб мавҷуд аст. Маъмулан, холи ҳиндӣ сиёҳ мешавад ва донаҳои тарбуз ҳам сиёҳ аст. Онро ба холи ҳиндӣ монанд карда, «ҳиндувона» номидаанд, ки хеле шоирона мебошад.

Тарбуза дар осори таърихӣ ва адабӣ

Дар осори адабӣ ва таърихӣ муаллифони мовароуннаҳрӣ калимаи «тарбуз»-ро истифода кардаанд. Чунончи, Сайидои Насафӣ дар

сифати тарбузфурӯш гуфтааст:

Дилбари тарбузфурӯшам рӯ ба ҳар сӯ мекунад,

Чун дучораш мешавам, тарбузчаро рӯ мекунад.

Зайниддин Маҳмуди Восифӣ ва муаллифони қабл аз ӯ вожаи «ҳиндувона»-ро истифода кардаанд.

Дар таърихномаҳои куҳан зикр гардидааст, ки дар зиёфати подшаҳон ва умарои маъруф рӯи дастархон ҳиндувона мегузоштаанд. Дар «Акбарнома» овардаанд, ки ба рӯи хон мураббоҳои себи мушкони машҳадӣ, ангур ва ҳиндувонаро бо нонҳои сафед мегузоштаанд.

Дар «Бадоеъ-ул-вақоеъ» нисбати ҳиндувона ва харбуза бо меҳри зиёд сухан ба миён омадааст. Чунончи, Хоҷа Лутфуллоҳи Бухорӣ, ки бемор будааст, ба Хоҷа Исмоили Зарнақӣ чунин мактуб навишта, дархост кардааст: «Муфидтарин мевае, ки дили хастаи беморони бистари ҷафову миҳан (ранҷҳо) аз он об мехӯрад ва нофеътарин самарае, ки аз ҷигари ташнаи синарешони балову фитан тоб мебарад, ҳиндувона ва харбуза аст… Байт:

Он бувад лаззату ҳаловати руҳ,

В-ин дигар роҳати дили маҷруҳ».

Аз ин иқтибос аён мегардад, ки тарбузаро лаззату ҳаловати руҳ медонистаанд.

Дар «Пиростаи таърихи Ҳирот» воқеае нақл шудааст, ки Амир Иззуддин ҳиндувонаро ба расми туркон мебурид ва пораҳои онро бо нӯги корд истеъмол мекард.

Дар таърих чунин ҳам қайд гаштааст, ки деҳқонон чунин гумон доштаанд, агар ба косахонаи сари инсон донаи тарбузаро гузошта, онро кишт кунанд ва саривақт об диҳанд, меваи он чунон мешудааст, ки ҳар кас онро бихӯрад, ҳушу ақлаш зиёда мегардад.

Воқеаҳои ба тарбуз заҳр ҳамроҳ карда, заҳролуд кардани шахсони маъруф ҳам дар саҳифаҳои таърих нақл гаштааст.

Дар боло зикр кардем, ки тарбуз дар Миср маъруф буд. Маъмулан сулолаи Ҳахоманишиён ин кишварро забт мекунанд ва табиист, ки бо ин меваи полизӣ низ ошно мегарданд. Бино бар маълумоти хаттии таърихӣ дар даврони Сосониён низ тарбуз парвариш мешудааст.

Арабҳо бо тарбуза тавассути мисриён ва сурёниҳо шинос гаштаанд ва онро ҳамчун меваи тозакунандаи ҷисм мешиносанд.

Бо истифодаи тарбуз, нахӯд ва арзан андозаи Офтоб, Замин ва Моҳро тасвир намудаанд, ки дар он тарбуз — Офтоб, нахӯд — Замин ва арзан — Моҳ аст.

Тарбуза ва фарҳанги мардумӣ

Тарбуза барои мардуми мо аз замонҳои қадим ошност. Дар фарҳанги мардумӣ чунин одат будааст, ки дар шаби чиллаи зимистон хӯрдани тарбузро савоб медонистаанд. Яъне, меваи сурхранг ба монанди тарбуза, анор ва ғайраро дар шаби чиллаи зимистон истеъмол мекардаанд. Табиист, ки сурхӣ рамзи гармӣ ва равшанӣ аст ва дар шаби чиллаи зимистон, ки шаби дарозтарин аст, истеъмоли он ба умеди зиёдшавии гармӣ будааст.

Деҳқонони тоҷик низ ба парвариши тарбуза мепардозанд ва онро бо меҳри беандоза мепазонанд. Дар бораи пухта ва ё напухта будани тарбузаи дар палак буда чунин гуфта мешавад, ки агар мӯйлабча — як риштаи печхӯрдаи палак, ки дар назди ҳосил аст, хушк шуда бошад, пас мева пухтааст ва онро кандан мумкин мебошад.

Ҳангоми аз бозор харидани тарбуз ҳаракат мекунанд, ки сабуктарашро гиранд, зеро гуфта мешавад, ки тарбузи расида сабук мешавад. Харбузаи пухтарасида бошад, вазнин мегардад. Баъзеҳо тарбузаро ба назди гӯш бурда, бо ангушт ба пӯсташ мезананд, агар садои он бурро ва дарангосӣ барояд, гуфта мешавад, ки он ширин ва пухта расидааст.

Ислом РАҲИМОВ, фарҳангшинос

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *