Таркиш дар Қазоқистон, 6 мурдаю 2 захмӣ…
Дар таркише дар як кони ангишт дар Қазоқистон 6 кас кушта ва ду нафар захм бардоштаанд. Таркиш субҳи 7-уми ноябр дар кони ангишти Абай дар вилояти Қарғандаи Қазоқистон рух додааст.
Дар замони таркиш 64 коргар дар кон будаанд ва 56 нафар тавонистаанд берун раванд. Мақомот гуфтанд, ки таркиш аз газе ба вуқӯъ пайваст, ки аз ангишт хориҷ мешавад. Чунин ҳодиса дар кони Абай дар соли 2008 низ рух дода буд, ки бар асари таркиши гази метан 30 нафар кушта ва 14 нафар маҷрӯҳ шуда буданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ