Таркиш дар Ангрен (Оҳангарон) секасро кушт

Дар Маркази барқу гармидиҳии «Ново-Ангрен»-и вилояти Тошканди Узбекистон, ки чанде пеш фаъолияташ қатъ шуда буд ва таъмиру бозсозӣ мешуд, 20 январ таркиш ба амал омадааст.
Ба гуфти Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Узбекистон, дар натиҷа се кас ба ҳалокат расида, се тани дигар захмӣ шудаанд.
«Ҳалокшудаҳо ва захмиён кормандони ширкати хидматрасоне ҳастанд, ки бо таъмири марказ машғул аст», — афзудааст манбаъ.
Таҳқиқи сабабҳои ҳодиса оғоз шудааст.
Манбаъ афзуда, ки дар натиҷаи таркиш зербиноӣ ва таҷҳизоти технологии марказ осеб надидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *