Таркиш дар Бейрут, 78 куштаю 4 ҳазор захмӣ (Видео)
Кормандони зиёди Созмони Милали Муттаҳид дар таркиши шадид дар Бейрут маҷрӯҳ шуданд. Дар ин бора муовини намояндагии расмии Дабири кулли СММ Фархан Ҳак эълом дошт.
Ба гуфтаи вай, 48 корманди ин созмон ва 27 узви оилаи онҳо захмӣ шудаанд, менависад ТАСС ба истинод ба шабакаи телевизионии Ал-Ҷазира. Дар маҷмӯъ, тибқи маълумоти охирин, дар натиҷаи як ҳолати фавқулодда дар пойтахти Лубнон, 78 нафар кушта ва беш аз чор ҳазор нафар маҷрӯҳ шуданд.
Таркиш дар Бейрут 4 август дар натиҷаи корҳои кафшерӣ аз Нитрати аммоний ба амал омада, хонаҳои зиёдеро дар маркази Лубнон валангор кард. Ба гуфтаи шоҳидон таркиш чунон қавӣ буд, ки мавҷаи он то ба ҷазираҳои Кипр, ки дар масофаи беш аз дусад километр аз Бейрут дуртар мебошад, шунида шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ