Таркиш дар Истанбул, ҳалокати сокинон ва назари Эрдуғон
Дар кӯчаи Истиқлоли шаҳри Истанбул таркиш рух додааст. Зане дар тан маводи тарканда худро тарконидааст.
Дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ давр мезананд, дида мешавад, ки кӯча пур аз сокинону сайёҳон аст ва пас аз шунидани овози таркиш фирор мекунанд. Дар пайи ин ҳодиса 8 тан ба ҳалокат расида, беш аз 80 тани дигар захмӣ гардидаанд.
Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ин ҳодисаро “амали террористӣ” гуфтааст. РИА “Новости” аз суханони президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон иқтибос меорад, ки «бо итминон гуфтан, ки ин ҳамлаи террористӣ аст, нодуруст мебуд, аммо маълумоти пешакӣ, наворҳои камераҳои видеоии назоратӣ, аввалин маълумоте, ки губернатор ба мо додааст, нишон медиҳанд, ки дар ин ҷо «ҳамлаи террористӣ бӯй мекунад».
Зане, ки дар камераҳои назоратӣ дида мешавад, гумонбари ҳамлаи террористӣ дар Истамбул аст. Ҳукуматдорони Туркия бар он назаранд, ки маҳз ӯ бомбро дар кӯчаи Истиқлол тарконидааст.
Сулаймон Сойлу, вазири корҳои дохилии Туркия мегӯяд, ки “ин зан дар созмонҳои террористии курд даст дорад”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ