Таркиш дар назди сафоратхонаи Чин
Субҳи имрӯз дар назди сафорати Чин дар Бишкек таркиш ба амал омад.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Бишкек инфиҷорро дар Қирғизистонро амали террористӣ унвон кардааст.
Субҳи имрӯз, 30 август мошини Mitsubishi Delica бо суръати баланд ба дарвозаи самти ғарбии сафорати Чин, воқеъ дар хиёбони Чингиз Айтматов бархӯрда, дар рӯбарӯи қароргоҳи сафир таркид.
Бино ба иттилои расонаҳои қирғизӣ, дар пайи ин таркиш чанд бино зарар дидааст. Ба ҷуз ронандаи мошик ин ҳодиса талафоти ҷонӣ надоштааст. Ба ҷои ҳодиса вазири ҳолатҳои фавқулода ва додситони Бишкек ҳозир шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ