Таркиш дар Санкт-Петербург. Занеро боздошт карданд (видео)
Як зани 26-сола бо номи Даря Тропова дар Русия боздошт шудааст. Вай ба ҷурми нақш доштан дар таркиш, ки боиси кушта шудани блогери рус Вледелин Татарский шуд, боздошт гардид.
Ин таркиш рӯзи якшанбе дар қаҳвахонае дар шаҳри Санкт-Петербург рух дод. Бино ба гузоришҳо, инфиҷор андаке пас аз он рух дод, ки ин зан муҷассамаеро ба блогер ҳадя дод. Ба гуфтаи полис, ин бомбаи дастисоз будааст.
Вазорати корҳои дохилии Русия видеоеро аз бозпурсии ин шахс мунташир кард, ки дар он вай ҳадя додани муҷассамаро ба Татарский қабул мекунад, аммо мегӯяд, ки аз бомбагузорӣ дар он бехабар будааст.
Ҳанӯз шахс ё гурӯҳе масъулияти таркишро ба уҳда нагирифтааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ