Тармаю сангрезӣ роҳҳои Бадахшонро баст
Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Хуҷанд ва Душанбе-Ванҷ шабонарӯз навбатдорӣ мекунанд.
Дар қаламрави ноҳияҳои Роштқалъа, Шуғнон ва Ишкошими ВМКБ дирӯз 16 ҳодисаи лағзиши тарма ва ду сангрезӣ ба қайд гирифта шуд.
Бино ба гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, дар натиҷа дар минтақаҳои мухталиф роҳҳои мошингарди Хоруғ-Роштқалъа ва Хоруғ-Мурғоб ҳаракати мошинҳо қатъ шуд.
«Ин тармаву сангрезиҳо талафоти ҷониву хисорати молӣ надоштанд», — омадааст дар хабарнома.
Тибқи иттилои КҲФ, барои бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ ва тоза кардани роҳҳо аз ҷониби Вазорати нақлиёти кишвар техникаи махсус ҷудо карда шуд.
Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Хуҷанд ва Душанбе-Ванҷ шабонарӯз навбатдорӣ мекунанд.
Аз сабаби бориши зиёд ва баланд шудани дамои ҳаво дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеъи марказ, нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ва қисми ғарбии ВМКБ хатари фаромадани тарма, сангрезиҳо ва омадани селу обхезиҳо, яхбандии шабона дар минтақаҳои сард, дар ағбаҳо ва дигар роҳҳои кӯҳӣ боқӣ мондааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба сокинони кишвар муроҷиат мекунад то аз рафтан ба минтақаҳои тармахезу хатарноки кӯҳӣ худдорӣ намоянд.
Муддати ба ғунучини ҳезум, шикор, чорвочаронӣ дар доманакӯҳҳо ва ё моҳидорӣ лаби соҳилҳое, ки эҳтимоли баланд шудани сатҳи обашон зиёд аст, нараванд.
Корҳои кишоварзиро ҳам метавон ба хотири ҳифзи амнияту бехатарӣ муддате таъхир кард
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ