Ташаббуси навбатии Президенти Тоҷикистон дастгирӣ ёфт

Дирӯз, 14-уми декабр Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи Тоҷикистонро таҳти унвони “2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” бо иттифоқи оро қабул кард.

Бояд гуфт, ин иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳаммуаллифии 153 кишвари узви СММ аст, ки пазируфта шуд. Қатънома дар МУСММ қатъномаи бесобиқа ба ҳисоб рафта, ҳам Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалиро эълон менамояд.

Ёдовар мешавем, ки ҳанӯз моҳи марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим муҳтарам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз обшавии босуръати пиряхо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад ва метавонад ба оқибатҳои бағоят манфӣ оварда расонад, таъкид карда буд. Бо назардошти ин, Президенти кишвар пешниҳод намуд, ки ҷиҳати пайваста муҳокима намудани масъалаи мазкур дар сатҳи байналмилалӣ соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шавад. Дар ин росто, Пешвои миллат инчунин пешниҳод намуда буд, ки Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муайян гардида, Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад.

Лозим ба зикр аст, ки дар асоси қатъномаи қабулгардида пешниҳодҳои ироашудаи Президенти кишвар аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд, аз ҷумла:

— Эълон гардидани 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо.

— Эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо.

— Дар назди СММ таъсис додани Фонди боэътимоди байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо.

— Дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *