Аз таскин то барор. 10 фоидаи бӯса ба бонувон
Аслан бӯса карданро хоси бонувон мешуморанд, вале тавассути бӯса ҳам марду ҳам зан меҳру муҳаббати худро ба якдигар баён месозанд. Бояд гуфт, ки бӯса ба бонувон фоидаи бештар дорад. Инак, мо дар бораи чанд манфиати бӯса ба шумо маълумот медиҳем.
1. Харобшавӣ
Як бӯсаи пурҳарорати беш аз бист сониягӣ мубодилаи моддаҳоро метезонад ва калорияи зиёдатиро месӯзонад. Дар бӯсаи давомнокияш беш аз як дақиқа шумо ҳамон миқдор энергия сарф мекунед, ки дар масофаи 500 м давидан масраф мегардад.
2. Даво бар зидди фишори рӯҳӣ
Ҳангоми бӯсобӯсӣ сатҳи кортизол (ҳормони стресс) паст шуда, дар баробари ин, коркарди окситотсин –ҳормони муҳаббату хушбахтӣ бештар мегардад. Бояд қайд намуд, ки ҷисми ҳар як инсон окситотсин мебарорад, вале ин модда ба бонувон таъсири бештар мерасонад. Вақте мард занро бо муҳаббат мебӯсад, асабҳои бону ором шуда, эҳсоси хавотирӣ бартараф мегардад.
3. Бӯса барор меорад
Олимон собит намудаанд, ки шахсони бӯсобӯсиро дӯстмедошта неруи зиёде доранд. Онҳо зиндадил буда, ба камию костиҳои ҳаёт аҳамият намедиҳанд ва монеаҳоро бо осонӣ пушти сар карда, ба комёбиҳои зиёде ноил мегарданд.
4. Вирусро мекушад
Ба касе пӯшида нест, ки ҳангоми ҳомиладорӣ бонувон аксаран бо табъи гирифта мегарданд. Бархе аз занон ҳангоми ҳомиладор шудан ба ҳолати яъсу ноумедӣ гирифтор мешаванд. Ҳамарӯза бӯсобӯсӣ кардани зани ҳомила ӯро аз ин ҳолат берун меорад.
5. Зиёд шудани рағбати ҷинсӣ
Дар лабҳо наздики дусад тори асаб мавҷуд аст. Бо ҳамин сабаб ин узви инсон ҳассос асту аз бӯса лаззати роҳатбахш мебардорад. Бӯсобӯсӣ ҳангоми ҷимоъ имкон медиҳад, ки рағбати ҷинсӣ солҳои дароз нигоҳ дошта шавад. Бар замми ин, дар оби даҳон моддаи андростерон мавҷуд аст, ки майли меҳрварзиро меафзояд.
6. Зебоиву ҷавонӣ
Бӯсобӯсии зан бо мард боиси ба ҳаракат омадани наздики 39 мушаки рӯй мегардад. Бӯса гардиши хунро дар мушакҳои рӯй ва қабати пӯст беҳтар месозад. Бӯсаи ширин пайдоиши ожангҳои рӯйро ба таъхир гузошта, ба зан зебоии бардавом ато мекунад.
7. Пешгирии бемориҳои вораву дандон
Ҳангоми бӯсобӯсӣ дар оби даҳон калсий ва фосфор зиёд гашта, сири дандонҳоро тақвият мебахшад. Дар натиҷа доғҳои дандон нест мешаванд. Дар оби даҳон антибиотикҳои табиие мавҷуданд, ки илтиҳобро кам ва яраҳои даҳонро шифо мебахшад.
8. Иммунитет пурқувват мешавад
Ҳангоми бӯсобӯсӣ ба ҷисми инсон бактерияҳои «бегона»-е ворид мегарданд, ки муҷиби синтези антитела ва дар натиҷаи он боиси баланд шудани масунияти бадан мегарданд. Шахсоне, ки зиёд бӯсобӯсӣ мекунанд, хеле кам бемор мешаванд.
9. Таскин мебахшад
Ҳангоми бӯсобӯсӣ ҳормони эндорфин пайдо мешавад, ки дардро кунд месозад. Бӯса беҳтарин доруи таскинбахш аст, ҳангоми хурӯҷи дарди сар ва дигар бемориҳо.
10. Фалаҷ ва сактаи дил намешавед, агар…
Зимни бӯсобӯсӣ дил хурд мешаваду гардиши хун дар тамоми узвҳо беҳтар мегардад. Бӯсобӯсии мунтазам машқи хубест барои дилу рагҳои хунгарди он, ки фишори хунро ба эътидол меорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ