Тасмими навбатии толибон ва хатари навбатӣ ба Осиёи Марказӣ
Ахиран гурӯҳи террористии Толибон аз нияти то 200 ҳазор нафар афзоиш додани шумораи артиши худ хабар дод.
Ба иттилои шабакаи телевизионии TOLOnews, раиси ситоди артиши Толибон Қорӣ Фасиҳуддин Фитрат гуфтааст, ки шумораи қувваҳои мусаллаҳи Афғонистон ба 200 ҳазор нафар расонида мешавад.
«Мо тасмим гирифтем, ки шумори артишро дар соли оянда аз 150 ҳазор ба 170 ҳазор нафар ва тадриҷан онро то ба 200 ҳазор расонем»,- иброз доштааст ӯ.
Дар нимаи дуюми моҳи августи соли 2021, яъне дар замони тасарруфи ҳокимият дар Афғонистон шумори ҷангҷӯёни Толибон 100 ҳазор нафар тахмин зада мешуд.
Моҳи феврали соли 2022 намояндагони Толибон эълом дошта буданд, ки теъдоди неруҳои мусаллаҳи худро ба 150 ҳазор нафар афзоиш медиҳанд.
То ба ҳол, Толибон ҳатто тавонистаанд як нерӯи ҳавоии худро (ААФ) таъсис диҳанд, ки дар тӯли 20 сол ҳукумати собиқи Афғонистон надошт. Ин нерӯи ҳавоӣ даҳҳо ҳавопаймо дорад, ки аллакай дар амалиёти ҷангӣ алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳи душман истифода мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ