Таваҷҷуҳ ба филмбардории муштарак дар вохӯрии Шоҳиён бо сафири Туркия

Директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён бо сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар вохӯрӣ анҷом дод.

Бино ба иттилои МД “Тоҷикфилм”, зимни вохӯрӣ доир ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаи фарҳангу синамо, филмбардории муштарак, ҷалби мутахассисони соҳа барои филмбардорӣ, дарсҳои «Устоду шогирд», тарҷума ва дубляжи касбии филмҳо ибрози ақида карда шуд.

— Изҳори хоҳиш карда шуд, ки дар оянда тақвият ва таҳким бахшидани робита ва ҳамкориҳои судманд миёни ниҳодҳои синамогарӣ ва ба роҳ мондани филмбардории муштарак бо ҷалби мутахассиони ҳирфаии тоҷику турк ба манфиати ҳар ду ҷониб хоҳад шуд. Вохӯрӣ дар фазои ҳусни тафоҳум ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *