Таваҷҷуҳи хосаи Ҳиндустон ба Тоҷикистон: Шумораи махсуси “Business Central Asia”

Ба ифтихори солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Деҳлии нав маҷаллаи “Business Central Asia” бо таваҷҷуҳи хоса ба Тоҷикистон ба нашр расид.

Дар ин шумора паёми табрикотии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мубодилаи табрикномаҳои роҳбарони ду кишвар ба муносибати рӯзҳои миллӣ, матни табрикоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Ҳиндустон ба муносибати 30-солагии барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ, мақолаи вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Ташвиқи рушди саноат дар Тоҷикистон”, инчунин мақолаи сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон “З0 соли ҳамкориҳои мутақобилан судманд” ҷой дода шудаанд.

Ҳамзамон, дар маҷалла мақолаҳои алоҳида доир ба аҳамияти таърихии иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон, робитаҳои таърихию фарангии Тоҷикистону Ҳиндустон, инчунин нигораҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва ғайра интишор шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *