Тазкираи суханварони тоҷики Ӯзбекистон
Дар шаҳри Душанбе китоби адиб ва донишманди самарқандӣ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, профессор Аслиддин Қамарзода таҳти унвони “Донишнома-тазкираи суханварони тоҷики Ӯзбекистони қарни ХХ ва ибтидои асри ХХI” ба нашр расид.
Китоби мазкур бо дастгирии Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ дар нашриёти “Дониш” чоп шуд.
Адиб ва донишманд Аслиддин Қамарзода ба анъанаҳои тазкиранависии ниёгон пайравӣ намуда, “Донишнома-тазкираи суханварони тоҷики Ӯзбекистони қарни ХХ ва ибтидои асри ХХI”-ро дар шакли хоса омодаи нашр кардааст.
Дар ин китоб баробари маълумоти энсиклопедӣ дар бораи беш аз 600 нафар адибон ва олимони суханвар, омӯзгорони эҷодкор ва овардани намунаҳо аз осори онҳо, дар бораи марказҳои адабӣ ва маҳфилҳои адабӣ, ки дар аксар мавзеъҳои тоҷикнишини Ӯзбекистон ҳаст, китобҳои адибон ва олимони суханшинос, маҷмӯаи мақолаҳо, баённома (автореферат)-ҳои рисолаҳои доир ба забон ва адабиёти тоҷик, робитаҳои адабӣ ҳимояшуда низ маълумот дода шудааст.
Ин китоби пурмуҳтаво дар ҳаҷми қариб сад ҷузъи чопӣ дар асоси шартномаҳои равобити дӯстӣ дар бобати фарҳангу адабиёт байни Тоҷикистону Ӯзбекистон нашр шудааст.
М. КӮҲСОРӢ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ