Театри миллиро кай ба истифода медиҳанд?

Театри миллии Тоҷикистон то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода мешавад. Ин нуктаро вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.

35-солагии Истиқлоли давлатӣ бошад, соли 2026 таҷлил карда мешавад ва бахшида ба ин сана мақомоти давлатӣ бунёди садҳо иншооти таъйиноти мухталиф, аз фарҳанг то маорифу тандурустиро ба нақша гирифтаанд.

Санги асос дар сохтмони Театри миллӣ дар Душанбе моҳи марти соли 2015 гузошта шуда буд. Аммо сохтмони ин иншооти муҳими фарҳангӣ хеле суст меравад. Дар ростои ин, қаблан масъулини Вазорати фарҳанг ин равандро ба камбуди маблағ рабт доданд.

Бинои Театри миллӣ дар паҳлуи Осорхонаи миллӣ ва боғи Парчами миллии Тоҷикистон қомат рост карда, аз 2 ошёнаи зеризаминӣ ва 5 ошёнаи рӯйизаминӣ иборат мебошад, ки баландиаш ба 34,5 метр хоҳад расид. Тибқи лоиҳа, бинои театр аз 3 толори калон ва толору утоқҳои дигар иборат мешавад. Толори асосии он дорои 2500 ҷойи нишаст ва 2 толори дигар, яке дорои 1200 ва дувумӣ 1000 ҷойи нишаст мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *