Теъдоди дастаҳои Лигаи олӣ зиёд мешавад

Кумитаи баргузории мусобиқаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон тавсия дод, ки аз соли 2024 теъдоди дастаҳо дар Чемпионати Тоҷикистон зиёд карда шавад.

Дар дафтари ФФТ ҷаласаи ҷамъбастии Кумитаи баргузории мусобиқаҳо дар соли ҷорӣ баргузор шуд, ки дар он нақшаҳои мавсими футболи соли 2023 баррасӣ шуданд.

Кумитаи баргузории мусобиқоти ФФТ санаи баргузории бозии Суперҷоми кишварро дар мавсими соли 2023 пешниҳод кард. Вохўрӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон дар соли оянда байни қаҳрамони феълӣ, соҳиби Ҷоми кишвар дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ва барандаи медали нуқраи чемпионати Тоҷикистон «Равшан»-и Кўлоб рўзи 6-уми май дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд дар назар аст.

Ғайр аз ин, дар маҷлиси Кумита шакли ташкили 32-юмин чемпионати кишвар байни дастаҳои Лигаи олӣ баррасӣ карда шуд. Мисли мавсими анҷомшуда, дар соли 2023 низ чемпионат дар ду марҳила ба нақша гирифта шудааст.

Кумитаи баргузории мусобиқаҳои ФФТ пешниҳод кард, ки сар аз соли 2024 шумораи бошгоҳҳои Лигаи олии Тоҷикистон ба 12 даста расонида шавад. Бо пешниҳоди кумита соли оянда ду дастаи аввали Лигаи якум мустақиман роҳхати Лигаи олии мавсими соли 2024-ро соҳиб мешаванд. Ҳамзамон дастае, ки дар Лигаи олӣ дар соли 2023 мақоми нуҳумро мегирад, бо барандаи медали биринҷии Лигаи якуми соли 2023 бозиҳои гузаришӣ баргузор мекунад.

Интизор меравад, ки дар Лигаи якум дар соли 2023 аз 12 то 14 даста ширкат кунанд. Тахминан мавсими нав дар Лигаи якум 22-юми апрел оғоз меёбад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *