Теъдоди ширкатҳои сайёҳӣ дар Тоҷикистон маълум шуд

Ба Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2024 теъдоди умумии 748,3 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ташриф овардаанд, ки аз ин шумора 580,5 ҳазор нафар ҳамчун сайёҳ ворид шудаанд. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19,1 фоиз зиёд мебошад.

Дар ин бора Камолиддин Муминзод, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон иттилоъ дод.

Ба таъкиди Муминзод, ҳоло дар қаламрави кишвар 214 ширкати сайёҳӣ дар асоси иҷозатнома фаъолият доранд. Аз ин шумора, дар ВМКБ 41, дар шаҳри Душанбе 101, дар вилояти Суғд 46, дар вилояти Хатлон 17 ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ 9 ширкат фаъолият карда истодаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *