Темур Раҳимов, Гранд Слам, медали тилло ва туҳфаи Рустами Эмомалӣ

Ҷудокори тоҷик Темур Раҳимов дар рӯзи охири баргузории мусобиқаи «Baku Grand Slam 2022» миёни сангинвазнҳо (+100 кг), ки дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон баргузор гардид, аввалин медали тиллои мусобиқоти Гранд Сламро ба даст овард, ки нахустин медали тиллои ин мусобиқот дар таърихи ҷудои кишвар маҳсуб меёбад.

Роҳ ба сӯи Бозиҳои Олимпӣ

Темур дар даври ниҳоӣ ҷудокори ӯзбек Алишер Юсуповро бо имтиёзи иппон мағлуб кард ва ғолибият ба даст овард. Ин музаффарият ба Темур 1000 имтиёзи олимпӣ дод ва рейтинги ӯро дар садри аввали беҳтарин ҷудокорони ҷаҳон қарор дод.

Даври аввалро Темур Раҳимов озод паси сар кард. Рақобатро дар даври дуюм ба муқобили ҷудокори исроилӣ Серафим Компаниез оғоз кард ва ба ӯ бо усули осаикоми пирӯзӣ ба даст овард.

Дар даври чаҳорякниҳоӣ Темур Раҳимов бо Саба Инанейшвили — ҷудокор аз Гурҷистон ва дар даври ниманиҳоӣ бо Мартти Пуумалайнени 25-солаи финӣ рақобат кард. Аз аввалӣ имтиёзи вазарӣ ситонд ва дуюмиро бо усули иппон шикаст дод ва ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт.

Дар даври ниҳоӣ Темур Раҳимов бо ҷудокори 23-солаи ӯзбек Алишер Юсупов барои ба даст овардани нишони заррини мусобиқа қувваозмоӣ кард. Темур дар поёни дақиқаи сеюм тавонист рақибро аз пой афтонад. Ба ғайр аз медали тилло ва имтиёзи олимпӣ ӯ соҳиби 5000 евро гардид.

Ёдовар бояд шуд, ки аз 4 то 6-уми ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон мусобиқаи “Тоскӯлоҳи бузурги Боку 2022” оид ба гӯштини ҷудо баргузор гардид, ки дар он варзишгарони зиёда аз 60 давлати ҷаҳон иштирок намуданд.

Кишвари моро дар ин  мусобиқа 12 ҷудокор намояндагӣ карданд ва аз миёни онҳо танҳо Муллораҷаб Халифаев зери вазни то 66 кг ба гирифтани нишони нуқра ва Темур Раҳимов миёни сангинвазнҳо ба гирифтани нишони тилло даст ёфтанд.

Аз ташвиқи бобо то иштирок дар Бозиҳои Олимпӣ

Темур Раҳимов 8-уми июли соли 1997 дар ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шудааст. Ӯ дар синни шашсолагӣ ба санъати ҳарбӣ шуруъ кардааст. Ба гуфтаи ӯ, “вақте бобоям Рустам Абдураҳмонов маро ба тамрин ташвиқ карда буданд, хеле ҷавон будам. Бобоям дар ташаккули карераи варзишии ман ҳиссаи калон гузошт”.

Ӯ ҳоло дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ барои гирифтани маълумоти дуюм таҳсил мекунад.

Темур Раҳимов яке аз гӯштигирони номдори кишвар аст. Ӯ унвони устоди варзиши дараҷаи байналмилалиро дорост. Солҳои охир дар чандин мусобиқоти дохиливу хориҷӣ номи Тоҷикистонро баланд бардошта, соҳиби ҷоизаву медалҳои гуногун шудааст. Аз ҷумла: барандаи медалҳои нуқра ва биринҷии Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Эл-Фуҷайра (2019) ва Бишкек (2021); соҳиби медалҳои нуқраи Гранд Слами Боку дар соли 2021 ва ду нишони биринҷии Абу-Даби — 2021 ва Тел-Авив дар соли 2022; нишони биринҷии Гран Прии Мағриб дар соли 2019. Инак, нишони тиллои Гранд Слами Бокуро дар корномаи худ сабт намуд.

Темур Раҳимов иштирокчии Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 дар Токио мебошад, ки дар маросими ифтитоҳи он парчамбардори тими миллии Тоҷикистон буд. Темур Раҳимов пас аз гирифтани нишони нуқра дар мусобиқаи ҷудои Осиё дар моҳи август, ки дар Қазоқистон баргузор гардида буд, дар зинаи аввали рейтинги ҷаҳонии ҷудо миёни сангинвазнҳо қарор гирифта буд.

Туҳфаи Рустами Эмомалӣ

Шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ бо як қарори худ рӯзи 7-уми ноябр ба Темур Раҳимов — узви яккачини дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастпарвари Муассисаи давлатии “Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин” барои гирифтани ҷои якум ва ба даст овардани медали тилло дар мусобиқаи “Тоскӯлоҳи бузурги Боку 2022” («Baku Grand Slam 2022») хонаи 2-ҳуҷрагӣ дар пойтахт бо тамоми шароити рӯзгор ва ба Муллораҷаб Халифаев — дастпарвари “Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №6 оид ба намудҳои гӯштин”-и шаҳри Душанбе барои сазовор гардидан ба ҷои дуюм ва гирифтани медали нуқраи ҳамин мусобиқа 100 000 сомонӣ тақдим кард.

Идибеки САИД, “Тоҷикистон” 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *