The Sun чор аломати «пинҳон»-и «омикрон»-ро номбар кард
The Sun дар бораи чор аломати «пинҳон»-и штамми “омикрон” гузориш додааст. Тавре зикр мешавад, ин аломатҳои сироят ба осонӣ бо дигар омилҳо омехта мегарданд.
Дар Системаи миллии тандурустии Британияи Кабир (NHS) таъкид мекунанд, ки ҳангоми сироятёбӣ аз «омикрон» як қатор аломатҳо ба шамолхӯрии муқаррарӣ шабоҳат доранд.
Аммо баъзе нишонаҳое вуҷуд доранд, ки онҳоро ба бемориҳои дигар шабеҳ донистан мумкин аст. Яке аз онҳо хастагӣ аст. Яъне, муайян кардан хеле душвор аст, ки оё эҳсоси хастагӣ ва аз ҳад зиёд кор кардан бо ҳам алоқаманданд ё ин аломати коронавирус аст?
Дигар аломати «пинҳон»-и «омикрон» дарди мушакҳост. Баъзан ин эҳсосот боиси хастагии инсон мегардад. Илова бар ин, нишонаҳои дигари ин штамми коронавирус гум шудани иштиҳо ва дилбеҳузурӣ мебошанд.
Мутахассиси бемориҳои сироятӣ доктор Кэтрин Полинг аломатҳои асосии штамми “омикрон»-ро номбар кардааст. Ба гуфтаи ӯ, бо таваҷҷуҳ ба ин нишонаҳо, беморон метавонанд тахмин кунанд, ки онҳо ба коронавирус гирифтор шудаанд ё не. Ба гуфтаи табиб, сулфа, маҳкамшавии бинӣ, шамолхӯрдагӣ ва хастагӣ хоси “омикрон”-анд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ