Тиллодуздон дастгир шуданд
Бино ба маълумоти ВКД ба мақомоти милитсия марди 29-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ муроҷиат намудааст, ки шаби 12-ум ба 13-уми майи соли ҷорӣ, шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматиаш шуда, аз он ҷо ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ, ки маблағи умумиашон 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Дар робита ба дуздии моликияти шахсии шаҳрванди зикргардида, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ду нафар марди 22 ва 30-солаи сокинони ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳро дастгир намуданд.
Нисбати дастгиршудагон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ