Тими футболи «Кӯктош» аз байн меравад
Дастаи футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ, ки лозим буд дар мавсими нави Лигаи Олии Қаҳрамони Тоҷикистон иштирок намояд, аз маблағгузорӣ маҳрум шудааст.
Дафтари матбуотии ин клуб хабар медиҳад, ки молики клуб Ҳоҷимуҳаммад Гулаев аз сарпарастии тим даст кашидааст. Сабабҳои тасмими молики «Кӯктош» маълум нест.
Ба иттилои ин манбаъ, моҳи январи соли равон пас аз он, ки тими «Кӯктош» медалҳои нуқраи Лигаи Олии Қаҳрамони Тоҷикистонро ба даст овард, мулоқоти садорати Федератсияи футболи кишвар бо раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода доир гардид, ки номбурда ваъдаи кумак ба ин тимро карда буд.
Бояд гуфт, ки моҳи феврали соли ҷорӣ мутахассиси ӯзбек Абдуҷаббор Маъруфалиев, ки пештар дар «Бунёдкор»-и Тошканд фаъолият мекард, роҳбари ин тими футбол таъйин шуд.
Ёдовар мешавем, дастаи футболи «Кӯктош» яке аз куҳантарин дастаҳоест, ки соли 1968 бо номи «Нефтчӣ» таъсис ёфта, дар соли 2020 барандаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон шуд, аммо соли 2021 даста дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон ноком шуда, ба Лигаи Дуюм афтод. Ҳамзамон, тими «Кӯктош» соли 2022 дар Лигаи Якум ҷойи дувумро ишғол карда, ба Лигаи Олии футболи Тоҷикистон баргашт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ