Тирпарронӣ дар сарҳади Ӯзбекистону Қирғизистон

Рӯзи ҷумъаи 31 май дар минтақаи Тоғуз-Булоқи наздики сарҳади Қирғизистон бо Ӯзбекистон ҳодисаи истифода аз силоҳи оташфишон рух додааст.

Рӯзи ҷумъаи 31 май дар минтақаи Тоғуз-Булоқи наздики сарҳади Қирғизистон бо Ӯзбекистон ҳодисаи истифода аз силоҳи оташфишон рух додааст.

Бино ба иттилои бахши равобит бо ҷомеа ва воситаи ахбори умуми Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон, ду мошини Ӯзбекистон дар наздики сарҳад пайдо шуда ва ба талаботи “Ист!”-и марзбонони қирғиз итоат накардаанд.

Дар натиҷа сарҳадбонони қирғиз маҷбур шудаанд, ба самти чархҳои автомобил оташ кушоянд, ки бар асари он як шаҳрванди ӯзбек захмӣ шудааст.

Захмӣ ба бемористони ноҳияи Марҳамати Ӯзбекистон интиқол гардидааст.

Феълан ниҳодҳои марзбонии Ӯзбекистону Қирғизистон дар якҷоягӣ ин ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.

Тӯли сарҳади давлатии Қирғизистон бо Ӯзбекистон 1378 километрро ташкил медиҳад, ки аз ин ҷумла, 1170 километр мушаххас ва аломатгузорӣ шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *