Аз лимити барқ то болоравии нархҳо. “Тоҷикистон” чӣ менависад?

Дар оғози соли 2021 “Тоҷикистон” саҳифаи “Навниҳол”-ро барои донишҷӯёни факултаҳои журналистӣ розҳандозӣ кардааст. Ҳадаф аз ин саҳифа муаррифии журналистони навқалам мебошад.

Дар шумораи аввали “Навниҳол” матлаби се донишҷӯ ба нашр расидааст, ки мавзӯъҳои мухталифро фаро мегирад. “Тоҷикистон” аз ин баъд донишҷӯёнро барои ҳамкорӣ даъват мекунад.

Шуруъ аз санаи 5 январ дар Тоҷикистон маҳдудияти интиқоли барқ ба хонаҳои мардум оғоз шуд. “Барқи тоҷик” сабаби ҷорӣ шудани лимитро дар кам шудани сатҳи оби обанбори “Норак” унвон мекунад. Аз ин баъд аҳолии деҳоти Тоҷикистон аз соати 23-и шаб то 5-и субҳ аз барқ маҳрум хоҳанд шуд. Ин мушкилот яке аз мавзуъҳои меҳварии ҳафтаномаи “Тоҷикистон” аст.

Нашрия менависад, ки соли равон ҳатто дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки ба обанбори “Норак” вобаста нест, лимити барқ ҷорӣ шудааст. Ширкати “Помир энерҷӣ”, ки истеҳсолкунандаи ягонаи барқ дар Бадахшон аст, сабаби ҷорӣ шудани лимитро дар паст шудани сатҳи оби дарёи Ғунд арзёбӣ мекунад. Лимити барқ то кай идома хоҳад кард? Сабаби аслии норасоии барқ дар кишвар чист? “Тоҷикистон” ба ин суолҳо посух ҷустааст.

Пандемияи короновирус мушкилоти муҳоҷиронро дучанд кард. Русия то ба имрӯз иҷозаи вуруди муҳоҷиронро надодааст. Ин дар ҳолест, ки мақомдорони рус бозгашти муҳоҷиронро барои иқтисоди Русия муҳим арзёбӣ мекунанд. “Тоҷикистон” дар такя ба матбуоти рус ва мақомдорони ин кишвар дурнамои муҳоҷиратро дар Русия баррасӣ кардааст.

Матлаби меҳварии ҳафтаномаи “Тоҷикистон” суҳбат бо Шоири халқии Тоҷикистон Саидалӣ Маъмур аст. Дар мусоҳиба, ки таҳти унвони “Эрод ба Турсунзода ва чор панди Лоиқ” ба нашр расидааст, ҷодаи тайкардаи шоир дар роҳи эҷод, хотироташ оид ба Мирзо Турсунзода, Лоиқ Шералӣ ва дигар ҳамқаламонаш инъикос шудааст. Саидалӣ Маъмур аз сангин будани рӯзгори адибон ва бехонагии адибони ҷавон шиква карда мегӯяд: “Фақат бо ишқу алоқа адабиёт рушд намекунад. Дар кӯча адабиёт сохта намешавад”. Ба ақидаи Саидалӣ Маъмур бояд ҳукумат адибони ҷавонро дар масъалаи сарпаноҳ дастгирӣ кунад.

Нашрияи «тоҷикистон» менависад: «Нархи ҳама молу маҳсулотро як сӯ мегузорем ва танҳо як бандчаи ночизи кабутиро ҳамчун намуна ба самъи мутахассисони Хадамоти зиддиинҳисорӣ мерасонем, ки рӯзе қабл аз соли нав арзиши он ба 1 сомонӣ расид. Фикр мекунам чунин болоравии нарх ҳама гуна чорчӯбаҳоро гузаштааст. Болоравии равғани растаниро низ марбут ба кишварҳои таҳвилкунанда маънидод мекунанд. Аммо аксар аз навъи равғанҳои растании дар мағозаву бозорҳо ба савдогузошташуда, моли ватанианд-ку? Магар чунин нархбозиҳо аз беасос болоравии нархи маҳсулот гувоҳӣ намедиҳанд? «

Илова бар ин дар саҳифаҳои “Тоҷикистон” матолиби мухталифи ҳуқуқӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба нашр расидааст, ки ҳатман писанди хонандаи хоҳад шуд.
“Тоҷикистон”-ро ҷӯед, ёбед ва хонед!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *