Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

КОМИССАР КАТТАНИ. Дар ҳошияи зодрӯзи Маҳмадсаид Убайдуллоев

Имрӯз Маҳмадсаид Убайдуллоев, собиқ раиси шаҳри Душанбе ва ҳоло раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зодрӯз дорад. Ӯ ба синни 68 расид ва ин матлаб, ки  бахшида ба 60-солагии Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон”   (№5, 1. 02 .2012) чоп шудааст, пешкаши хонандагон мегардад.

Маъмулан дар зодрӯз суханҳои хуш садо медиҳанд ва ҳама мекӯшанд, ки аз комёбиҳо ҳарф зананд.

Бархе агар ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ва созишномаи истиқрори сулҳро саҳми Президенти кишвар донанд, гурӯҳе созиши тарҳу иншооти нави замонавиро дар пойтахт ба Раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев  нисбат медиҳанд.

Аммо, ҳар кас  аз дидгоҳи маърифати худ андешаронӣ мекунад.  Яке аз фаъолияти ӯ интиқод кунад, дигаре изҳори қаноатмандӣ ва саввумӣ аз  ҷиддият, масъулияту садоқаташ нисбат ба кор зиёд ҳарф мезанад. Ҳатто, барои талоши ором кардани вазъияти душвори пойтахт  барояш китоб навиштаву мадҳия сурудаанд.  Ҳоло барои мо маълум нест, ки раиси шаҳр 60-солагии зодрӯзи худро чӣ гуна ҷашн хоҳад гирифт. Хоксорона ё дар доираи дӯстону меҳмонони зиёд. Вале, яқин ки табрикот, хотирот бештар аз пештар хоҳад расид. Бинобар ин, андешае бар сар меояд, ки дастоварди беҳтарине, ки Раиси шаҳр дошт, кадом аст, то тӯҳфае бошад, дар рӯзи зодрӯзи ӯ?  Дар бораи шахсияти вай чӣ хотироте дар майна нақш бастааст?

Шоир ва рӯзноманигор Иззатбек Идизода  солҳои ҷанги шаҳрвандӣ  ва баъди онро ба ёд оварда мегӯяд, ки дар пойтахти кишварамон бенизомиҳои зиёде ҷой доштанд. Аскароне, ки дар ин ҷанги дохилӣ иштирок доштанд,  даст бар сари сина зада,  мо хундору хундодаем гуфта, мардуми бегона, бахусус соҳибкорону савдогарони бозорҳоро зери азобу шиканҷа мегирифтанд ва молашонро ба яғмо мебурданд. Онҳо «буққа»-ҳо буданд ва аз ин силоҳбадастон мардум мисли аҷал метарсиданд.

«Боре шоҳиди чунин ҳолат шудам, ки мошини ронандаи мусофирбареро, ки ба самти  Варзоб ҳаракат мекард, ду нафар сарбози силоҳбадаст  дар назди Донишгоҳи кишоварзӣ нигоҳ дошта, ронандаро лату кӯб карда,  пулҳояшро  мегирифтанд. Ҳамин гуна бетартибиҳои низомиён дар шаҳр зиёд  мушоҳида мешуд. Савдогарони бозор аз дасти онҳо оромиро аз даст дода буданд. Беъзеяшон бе ному нишон гум мешуданд. Дар як муддати кӯтоҳ  ногаҳон  аз шаҳр ғайб задани  силоҳбадастон ҳамаро  дар ҳайрат гузошт. Баъдтар дар миёни  мардум овозае паҳн шуд, ки маҳз бо иқдоми Раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев сарбозони қисмҳои ҳарбӣ дигар ба шаҳр намедаромадагӣ шуданд», -мегӯяд номбурда.

Лаҳзаи дигареро шаҳрванди дигаре  ба хотир оварда, мегӯяд, ки «Чанд рӯз пеш аз он ки дар назди корхонаи  «Барқи тоҷик» ба ҷони Маҳмадсаид Убайдуллоев  қасд карданд,  дар толори Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон бо як гурӯҳ раисон ва  фаъолони  маҳаллаҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ вохӯрӣ доир гашт. Вақте ки Убайдуллоев ба минбар баромада суханронӣ мекард,  садои чанд нафар ҷавоне, ки дар қатори паҳлӯям менишастанд, ба гӯшам расид, ки мегуфтанд: комиссар  Катани, комиссар Катани! Он рӯз  маънии аслии ин суханҳоро дарк накардам. Ниҳоят фаҳмидам, ки барои оромию осудагии шаҳрвандони пойтахт Маҳмадсаид чӣ қадар кӯшишу  ҷонбозиҳои зиёде  мекардааст. Ҳамон шабу рӯз на ҳар кас ҷуръат мекард, ки ба сарбозон ва қумандонҳо аз бинӣ боло гап занад ва касе пишакашонро пиш гуфта наметавонист.  Маҳз Убайдуллоев дар паҳлӯи  Президент истода, ба ин ҷуръат мекард. Ҳамин буд, ки борҳо қасди ҷонаш мекарданд, вале ӯ сар хам накард.

Дар мавриди  аз доираи Қонун берун по наниҳодан, эҳтироми ӯ нисбати Қонун  соли гузашта дар яке аз ҳафтаномаҳои ҷумҳурӣ  мақолае хонда будам. Онҳое, ки қонуншиканӣ кардаанд,  хоҳ худӣ бошад,  хоҳ бегона, барои Маҳмадсаид фарқ надоштааст, ҷазояшонро гирифтаанд. Дар  қисми мақола бо чунин мазмун навишта шуда буд, ки Маҳмадсаид ҳатто хонаи бародарашро, ки сохтмонаш ба талаботҳои меъморӣ  ҷавобгӯ набуд,  супориш додааст, ки  вайрон кунанд».

Дӯстмуроди Бобо, устоди ДМТ бар он назар аст, ки  аслан  аз нигоҳи демократӣ  муддати дароз истодани як нафар дар як мансаб  хатост. Чунки дунё ҳамеша пеш меравад, тафаккур дигар мешавад ва он шахс дар қиёси ҷавонон метавонад ақиб монад.

Ин назарро баъзе аз коршиносон инкор мекунанд. Зеро, он нафаре, ки зиёдтар  дар сари мансаб ҳаст, метавонад ҳамқадами замон, доираи мутолиоташ амиқ ва варзида бошад. Муҳит ва тарзи тафаккуру муносибати атрофиёнро низ бояд ба эътибор гирифт. Вобаста ба ҳавою об ғӯзаю мӯза кашиданро набояд фаромӯш кард. Аз ин нигоҳ бисёриҳо бар он андеша ҳастанд, ки Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷойи худ қарор дорад.

Сайфулло Сафаров, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТаз фурсат истифода бурда, Раиси шаҳрро бо зодрӯз  табрик кард ва  орзуи онро намуд, ки  ин шаҳри  азизи мо боз аз бисёр мушкилотҳое, ки ҳоло дорад, бо роҳбарии ӯ аз онҳо халос гардад. Ҳамаи он шахсоне, ки дар бораи камбудиҳои шаҳр чизе гуфта метавонанд, дигар натавонанд, ки  нисбати ин пойтахт ва шаҳри дӯстдоштатарини тоҷикони ҷаҳон интиқоде кунанд.  Дар бораи шахсият ва фаъолияти Раис чунин ҳарфҳоро гуфт:  

-Вақте ки Маҳмадсаид Убайдуллоев раиси шаҳр таъин шуд, дар ин ҷо на нон буд,  на нақлиёти мусофиркашу  на тозагӣ ва  на оромиву сулҳу осоиштагӣ. Яъне, ин шаҳр ба як харобазоре монанд шуда буд, ки бисёриҳо шаҳри «мурдаҳо» мегуфтанд. Убайдуллоев бо хислати кордониаш тавонист, ки шаҳрро аз бисёр мушкилот раҳо кунад. Албатта, ҳамаи ин корҳо бо дастгирии Президенти кишвар шуд, вале Убайдуллоев дар амалӣ кардани ин нақшаҳо саҳми намоён дорад. Президент ҳам мегӯянд, ки пойтахти Тоҷикистон бояд дар миёни дигар пойтахтҳои ҷаҳон намуна бошад, тамоми имкониятҳоеро, ки дорем, бояд истифода барем. Он на танҳо пойтахти тоҷикистониён, балки тоҷикон ва форсизабонони тамоми ҷаҳон эътироф шавад ва Бухорои сонӣ гардад.  

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшинос чунин гуфт:

«Ман дар бораи шахсияти он кас чизе гуфта наметавонам  ва он қадар ҳам  намешиносам».

Як замон дар баъзе аз нашрияҳои мустақил  маводҳое чоп мекарданд, ки дар он ҷо  зарур набудан, аз байн бурдани Маҷлиси миллӣ ба миён гузошта мешуд. Яке аз онҳо Сӯҳроб Шарифов, собиқ директори Маркази тадқиқоти стратегӣ ва ҳоло вакили парлумон. Назари ӯ соли 1999 дар газетаи «Минбари халқ»   чоп шуда буд. Дар он навишта, ки дар Тоҷикистон зарурати  системаи дупалатагӣ вуҷуд надорад. Яъне,  зарурат ба Маҷлиси миллӣ нест. Вале  баъдтар ба хулоса омадааст, ки дар шароити Тоҷикистон он лозим аст. Имрӯз системаи дупалатагӣ барои амнияту субот ва пешгирии хатару таҳдидҳое, ки аз берун меоянд, хеле зарур мебошад. Он системаи сиёсиро устувор ва мувозинати  қувваҳои сиёсиро таъмин месозад. Ҳастанд ҳизбҳои сиёсие, ки  муқобили мавҷудияти Маҷлиси миллӣ мебошанд. Шояд онҳо ба ин далел дошта бошанд. Аммо, дар шароите, ки абарқудратон дар минтақа бозиҳои сиёсӣ мебаранд, таҳдиду хатари беруна  барои субот вуҷуд дорад, будани Маҷлиси миллӣ зарур аст,- мегӯянд коршиносон.

Албатта, интизор будан, ки ҳама нисбати як нафар ё як масъала  андешаи якранг дошта бошанд, нодуруст аст. Роҳбар ҳам барои ҳама хуб буда наметавонад. Шахсе, ки дар борааш ҳама ҳарфҳои хуб мегӯянд, шояд одами хуб ҳам набошад. Кӯшиши ба ҳама маъқул будан, надоштани чеҳраи худ, шахсият набудан аст. Маҳмадсаид Убайдуллоев шахсият аст. Баъзан дар ҷаласаҳои шаҳр мо, рӯзноманигорон даъват мешавем. Дарк мекунем, ки балегӯии баъзе аз роҳбарони зердаст барояш писанд нест. Чӣ ҳам мебояд кард?  Ин аз табиати мардуми мо берун меояд. Дар рӯ ба рӯ якеву дар ғайб дигар гап гуфтан ба ҳукми анъана даромадааст. Албатта, иддае ҳастанд, ки тафаккури Шарқу Ғарбро ба ҳам оштӣ додаанд. Маҳмадсаид Убайдуллоев аз ин ҷумла аст. Тамаллуқро дӯст намедорад, суханашро ошкоро мегӯяд. Ин ба сабаби босаводӣ аст. Дар дег набошад, куҷо дар кафлес меояд?

Аз як нафар собиқ муовини ӯ пурсидам:

— Маҳмадсаид Убайдуллоев аз дигар роҳбарон бо чӣ фарқ мекунад?

— Босавод аст. Агар як вергул дар ҷояш набошад, ҳуҷҷатро бармегардонад. Принсипнок аст. Ба ягон ҳуҷҷат, агар итминон ҳосил накунад, ки дар доираи қонун аст, имзо намегузорад.

Ин  назари шахсест, ки агар аз нигоҳи тафаккури шарқӣ гирем, дар бораи ӯ мебоист сухани нек намегуфт. Зеро, аз вазифа сабукдӯш кардааст. Аммо ҳақиқат муаллақ, аз ҳама болост. Одами ҳақ аз гуфтани сухани ҳақ сар наметобад.

Як собиқ корманди масъули ҳукумати шаҳр, ки аз зикри номаш худдорӣ намуд, изҳор кард, ки агар Убайдуллоев намебуд, наҳангтабиатон шаҳрро кайҳо тақсим мекарданд. Аз сояи шер метарсанд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев аз мусоҳиба бо рӯзноманигорон худро дар канор мегирад. Шояд ба ин далел дорад. Агар чунин имкон фароҳам меомад, мо аз ӯ мепурсидем:

-Воқеан ҳам аз сояи шер метарсанд, ё аз амале, ки ӯ дар доираи қонун талаб мекунад?

Маҳмадсаид Убайдуллоев имрӯз 60-сола мешавад. 60 — шасти камолот аст. ӯ дар таъмини сулҳу оромӣ , рушди иқтисодиёт, пешрафти кишвар хидматҳои зиёд дорад. Дар сахттарин рӯзҳо дар паҳлуи Президент қарор дошт, ободии мулк, пойтахтро мароми хеш қарор додааст. Идораи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» дар ин рӯзи сайид аз забони Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ чунин таманно дорад:

Чаҳор чиз мардро озода зи ғам бихрад,

Тани сиҳату хӯйи неку номи неку хирад.

Ҳар он ки Эзид ин чаҳор рӯзӣ кард,

Сазад,  ки шод зияду ҷовидон ғам нахварад.

Зодрӯз муборак, Маҳмадсаид Убайдуллоевич!

 Усмон Раҳимзода, «Тоҷикистон»

Маълумотнома

Маҳмадсаид Убайдуллоев,  60-сола.  1 феврали соли 1952 дар участкаи ба номи Кирови колхози «Роҳи Ленин», ноҳияи Фархор таваллуд шудааст.  Оиладор. 

Маълумоташ олӣ.  Хатмкардаи Донишкадаи политехникии Тоҷикистон, Донишкадаи политехникии  ба номи Ленини Харков, Мактаби олии ҳизбии назди КМ ҲКИШ дар Тошканд. Ихтисосаш: муҳандис-барқчӣ, сиёсатшинос. Фаъолияташро аз сармуҳандисии гурӯҳи идора ва назорати корҳои шабакаҳои иттилоотӣ-ҳисоббарорӣ ва мошинҳои ҳисоботии ноҳиявии (шаҳрӣ) Раёсати омори вилояти Кӯлоб оғоз намуда, баъдтар дар вазифаҳои директори Маркази ҳисоббарории Раёсати омори вилояти Кӯлоб,  инструктор, мудири шӯъбаи корҳои ташкилии Кумитаи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб,  муовини сардор, сардори   Раёсати омори марказии ҶШС Тоҷикистон, мудири шӯъбаи   Кумитаи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар вилояти Кӯлоб,  муовини раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои вакилони халқи вилояти Кӯлоб кор кардааст.

Солҳои 1992-1994 муовини Раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 1994-1996 муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 1996-2017  Раиси шаҳри Душанбе.  Аз соли 2000  Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Шуғли дӯстдошта: сиёсат, мантиқ, диалектика ва фалсафа.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” , №5, 1. 02 .2012

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.