Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Тоҷике, ки Нютонро инкор кард. Ёде аз Адҳам Бобоев

Дар тӯли торих донишмандони хирадмояву фазилатгустари тоҷику порсигӯ дар улуми замона бо дастовардҳои бечуни хеш аз номоварон буданд. Вақте ки дафтари торихро рӯйгардон мекунем, корномаи нобиғагони олами илмро гунаи Пури Сино, Бӯрайҳони Берунӣ, Муҳаммади Закариё, Ҷузҷониву Ақилии Деҳлавӣ, Ҳакими нишопурӣ Умари Хайём, Имом Ғаззолӣ ва дигар абармардонро, ки барои овардани номашон дафтару давоте тоза мебояд, мехонем ва ба поси хотирашон даме сукут, нафасе андеша, умре тафохур менамоем.

Вақте дафтари торихро варақгардон мекунем, хоҳем донист, ки тарзи содатарини баровардани шуморагонро аз решаҳои квадратӣ ва кубӣ 800 сол пеш аз урупоиён (П. Руфини – с. 1804 ва Ҳорнер – с. 1819) Абулҳасани Насавӣ рӯи ангори илм намуда буд. Формулаи Бином аз тарафи Ҳакими Умари Хайёми Нишобурӣ 600 сол пеш аз Исҳоқ Нютон ба майдони илм ворид шудааст. Берунӣ ҳанӯз 500 сол пеш аз Христофор Колумб перомани будани латрае дигар дар сайёраи Заминро гуфта буд …

Дар ин авохир, яъне фарҷоми садаи бистум, абераи ин озодагон ва андархӯру шоистаи ниёкони хеш, доктори улуми физика ва риёзӣ Бобоев Адҳам Сафарович (Адҳами Бобокалон) бо дастовардҳои назаррас ва назарияҳои бечуни хеш бӯмаҳане дар вуҷуди илми физикаи ҷаҳонӣ эҷод кард.

ЗИНДАГИНОМА

Адҳами Бобокалон ёздаҳуми июни соли 1935 дар деҳаи Зимтӯд, дараи Киштӯди шаҳри Панҷекат дида ба ҷаҳони ҳастӣ кушуд. Гузаштагонаш аз номоварони дараи Киштӯду Ворӯ, нахустустодаш модари бузургвори ӯ бону Гулузор буда. Бону Гулузор, аз наберагони қозӣ Яъқуби Ворӯӣ ва донандаи хуби дабираи ниёгони хеш, пайваста дар сари гоҳвораи зодагонаш Ҳофизу Саъдӣ мехонда ва пайдост, ки сарводавариву сухани ноб пазруфтанро Адҳами Бобокалон аз модар омӯхта. Мардумсолорӣ ва бурдбориро аз падараш Бобокалони Зимтӯдӣ, ки гӯянд, аз намоёнтарин чеҳраҳои замони хеш будааст, ворис гаштааст.

Адҳами Бобокалон пас аз поён расонидани донишҳои дабистонӣ (мактаби ҳафтсолаи деҳаи Зимтӯд) ба Панҷекат меравад ва дар мактаби миёнаи ба номи Истолин маълумоти пурра гирифта, ба майдони илм ворид мегардад, яъне ба риштаи физика ва риёзии Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе дохил шуда, онро бо сарбаландӣ хатм менамояд. Дар айни донишҷӯӣ пайваста бо рӯзномаҳо ҳамкорӣ намуда, авқоти берун аз омӯзишро вақфи хонишҳои бадеӣ мекарда. Соли 1958 лаборанти Пажӯҳишгоҳи заминларзашиносии Академияи улуми ҶШС Тоҷикистон таҳти раҳбарии академик Султон Умаров ва ҳамзамон шунавандаи Мактаби ҳарбиву сиёсии Шӯрои Вазирони ИҶШС дар шаҳри Свердловск ва солҳои 1963-66 унвонҷӯи Донишкадаи физикаи Академияи улуми Озарбойҷон (ш. Боку) будааст. Пас аз дифои рисолаи номзадӣ, аз соли 1966 то соли 1989, мудири кафедраи физикаи Донишкадаи хоҷагии қишлоқи ҶШС (ҳозира Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур) ва аз соли 1989 то соли 1998 мудирии кафедраи физикаи Донишгоҳи омӯзгории пойтахт ба номи Устод Айнӣро бар уҳда дошт. Пасон бо илали беморӣ ва парешонрӯзгорӣ чанде гӯшашинӣ ихтиёр намуда, дар ин ҳангом низ пажӯҳиш ва сарводаварӣ ғизои рӯҳу қутти ҷонаш мешавад. Билохира доктор Бобоев Адҳам Сафарович шашуми апрели соли 2007 бо ҳазорон армони нашкуфта, рози нагуфта ва дидаи ҳайрон аз ҷаҳони нобасомон рахти сафар барбаста, ба ниёгони хеш пайваста гардид.

КОРНОМА

Аслан, рӯзгори илмии ин зуфунуни тоҷикро ба ду бахши ҷудогона мешавад раддабандӣ намуд.

Гомҳои нахустини ӯ дар омӯзишу пижӯҳиши илми физика гомҳои муҳкаму мояи “зеҳозеҳ”-гӯиҳою “аҳсанта”-хониҳо буданд, ки аз соли 1963 то соли 1982-ро дарбар мегирад.

Соли 1971 бо ҳамкории олими рус Стафеев парда (миёнпарда, мембрана)-и маснуие офариданд, ки фарзияи биокимиёвии олими инглис Митчелро андар зуҳури майдони электрикӣ дар мембранаи ҳуҷайра исбот кард. Ва дар ҳамин солиён (солҳои 70-уми садаи мозӣ) профессор Бобоев Адҳам Сафарович аз нахустин олимоне буд, ки дар илми Шӯравӣ ба кашфи булӯри моеъ асос гузошт. Ба шарофати ин пажӯҳиш моҳи октябри соли 1979 Симпозиуми умумии Шӯравии ноқилияти булӯри моеъ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Ин дастоварди доктор Бобоев солҳои 1972-83 ба буҷаи Вазорати иқтисоди Иттиҳоди Шӯравӣ даҳҳо милюн рубл суд овард.

Ихтирои авроқи зарротӣ, ки аз кашфиёти дигари ин номовар аст, воситаи нақли гармӣ ба муҳаррики мошинҳо ва дар ёрӣ ба пизишкон барои муайянсозии нуқоти дард дар аъзои беморон дастёрӣ менамояд.

Профессор Бобоев тавонист бо кашфи булӯри моеъ ва сафҳаи зарротӣ дар саноати заргарӣ дошоди тозае бахшад. Зеварҳо, гунаи ангуштар, гулӯбанд ва гӯшвораҳои аз ин кашфиёт офаридаи ӯ на кам аз лоҷуварду лаълу фирӯза буданд, ки бо номи «Суғдидухт» дар саросари ИҶШС муштариёни зиёде пайдо кард. Ҳамин дастовардҳояшро ба назар гирифта, Вазорати металлургияи Иттиҳоди Шӯравӣ Адҳами Бобокалонро барои дарёфти ҷоизаи Абӯалӣ ибни Сино пешбарӣ намуд

Профессор Бобоев аз ғӯзапояи пахта тахтачӯбе офарид, ки аз тахтачӯби (дсп)-и истеҳсоли Шӯравӣ дуюним андоза сабуктар ва 25 % устувортар аст.

Сардори шӯрои омӯзиши булӯри моеи Академияи улуми ИҶШС дар соли 1982 Чистяков дар ҳафтавори «Неделя» менависад: «Дар илми физикаи ҷаҳонӣ то имрӯз ҳамгуни Адҳам Сафарович Бобоев касе вижагиҳои барқии лояҳои тунуки зарротиро ошкор накардааст. Ва ин мактаби илмии доктори улуми физика Бобоев Адҳам мебошад».

Пас аз соли 1983 то вопасин нафасҳо ин олими шинохтаи тоҷик дар офариниши осори гаронарзиш ва муттафакирона, аз қабили : «Падидае, ки қонуни кашиши заминро ботил мекунад» (соли 1983), «Якгунии қавонини ҳаракати озоди кеҳҷаҳон ва меҳҷаҳон” (соли 1991), «Нигоҳе дигар ба табиати амвоҷи электромиқнотисӣ” (1998), «Олами нав – олами зарронҳо» (2002), «Дили урён» – маҷмӯъаи ашъор (2001)-ро ба мо, ворисон, мерос гузоштааст. Профессор Бобоев, дар маҷмӯъ, муаллифи беш аз 200 таълифоти илмӣ-фарҳангӣ, ёздаҳ кашфиёти тоза дар физикаи муосир ва устоди ду нафар доктору даҳ номзади улуми физика ва риёзиёт мебошад.

«ПАДИДА»-Е, КИ ПАДИДОРАНДААШРО НАВОН СОХТ

«Падидае, ки қонуни кашиши заминро ботил мекунад», бешак, ба сари ин нобиға бало рӯи бало овард. Вақте ки ин рисола рӯи ангори илм омад, шағабе дар миёни уламои физикаи Шӯравӣ андохт. «Ӯҳӯ-ӯ, ким кадом тоҷик қонуни Нютонро инкор кардааст, қонунеро, ки сесад сол боз физика ва физикҳоро паси худ ба пеш мебарад»…

Аммо ин бехабарони даҳонбин донистан намехостанд, ки Исҳоқ Нютон низ одам аст ва ҳаққи иштибоҳ кардан дорад.

Адҳами Бобокалон низ олим аст ва новобаста аз мавқеи ҷуғрофӣ, нажод, ранги пӯст ва забон, ҳақ дорад андешаҳои худро дар минбари илми замон бигӯяд.

Ба ривояте, агар Исҳоқ Нютон ҳангоми гардиш дар боғаш себи аз дарахт ба сараш уфтодаро аз қувваи кашиши замин дониста бошад ва ин мӯҷиби ихтирои қонуни ҷозиба гардида бошад, ҳақ ба ҷониб аст. Вале чаро Адҳами Бобокалон, ки дар рисолааш меоварад: «Дар ҷаҳон қонуни фишор ҳоким аст ва афтишҳо зери таъсири фишори атмосферӣ ба вуҷуд меоянд», мӯҷиби таҳқири ҳуккоми худкома ва худкӯби замони Шӯравӣ гардаду мояи ришханди чанд олимтароши ҳуққабози худӣ ва бегона?

Ин «Падида» боис шуд, ки кафши ин олими забардасти замонро аз Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистон берун андозанд, наздик ба ҳазор дона китобашро ба оташ андозанд ва рисолаи докторияшро мансух созанд.

Бадбахт агар масҷиди одина бисозад,

Ё сақф фурӯ резаду ё қибла каж ояд …

Вале ин донишманди ҳалиму ботамкин се бор рӯи ҳам рисолати докториро дар Донишкадаи физикаи Академияи улуми Литвиё ва бо тасдиқи Кумиссиёни олии атестатсионии Ҷамоҳири Шӯравии собиқ дифоъ намуда, муштхандае ба рӯи нотавонбинон зад.

Аз гуфтаи Фотеҳ Абдулло, донишманди шинохта ва нависандаи тоҷик, Адҳами Бобокалон дилхаста аз Шӯравиву шару шӯраш ду нусха аз ин рисоларо ба Урупо мефиристад ва чӣ мегӯед ки пас аз ду соли ин моҷаро ду олими шведӣ дар заминаи назарияи профессори тоҷик рисолае навишта, сазовори ҷоизаи Нобел мегарданд. (Фотеҳи Абдулло. «Олиме, ки қонуни Нютонро инкор кардааст» // Профессор Адҳам Бобоев ё нобиғаи физика. саҳ. 63-71. Нашриёти «Деваштич», Душанбе-2006). Аз кӣ нолем? Ба кӣ гӯем? Ҳайфо! Дареғо! Чӣ кунем, ки замин пасту осмон баланд ва модари гетӣ филкуши мушпарвар аст?…

Оне, ки дар илми физика зиёда аз сад бузургии доимии физикиро гушода, наздик ба се ҳазор формулаи ҳамвазнро бозёфт кардааст, агар нобиға набошад, пас, кӣ НОБИҒА бошад?

Ҳол он, ки физикдони рус П. Н. Лебедуф дар соли 1912 бо кушодани табиати фишормандии рӯшноӣ дорои Пажӯҳишгоҳи вижа, нишони вижа ва ҷоизаи хос шуда, номашро ҳамеша зиндаёд гардонидааст. Ва ин нишони қадршиносии халқи бузурги рус ба фарзандони шоистаи хеш аст.

Аммо нобиғаи моро чунон саркӯб намуданд, рӯҳашро шикастанд, қалбашро тобидаву фишурданд, ки… Профессор Бобоевро ҳатто лоиқи ҷоизаи Сино, ки дӯстонаш ба ин мукофот пешниҳод карда буданд, надонистанд.

Дигар ин инсони бузургу олими сутург аз одаму олам дилаш монд. Ӯ лоҷарам ҳасратҳояшро, андӯҳи дилашро Хайёмвор ва Боботоҳиргуна бо рубоиву дубайтӣ изҳор намуд, дилашро ба дили шеър андар заду аз тангнои синааш ин оҳҳои сӯзанда берун шуд:

Худоё, ман дами хуррам надорам,

Қуте дар зиндагӣ ҷуз ғам надорам.

Зи дасти душманони нотавонбин

Чу сайёра давонам, дам надорам.

БУЗУРГОНРО БУЗУРГОН ЗИНДА МЕДОРАНД

Пас аз поёни нобасомониҳои кишвар Пешвои миллат, Поягузори сулҳу ваҳдати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзгори парешони Адҳами Бобокалон огаҳ гардида, ба устод чун як олими фарҳехта кумакҳо аз ҷониби давлат намуда, ба ӯ унвони Корманди шоистаи маорифи халқи тоҷикистонро лоиқ донистанд, ки ин, албатта, бозтоби фарҳангпазириву қадршиносии Президенти кишвар аст.

Вале ҳанӯз менигарем, ки доктор Бобоев Адҳам Сафарович чеҳраест дақиқан наомӯхта ва алломаест ҳанӯз кашфношуда.

Акнун, ки худшиносиву посдорӣ яке аз ҳадафҳои фарзонагони миллату давлати Тоҷикистон аст, боясти абармардони илму фарҳангро дуруст шиносему ба ҷаҳониён низ шиносонем. Агар Пажӯҳишгоҳи физикие, нишоне, мактабе ё кӯчае ба поси хотири ин бузургвор номгузорӣ шавад, рӯҳаш шод хоҳад шуд. Ҳарчанд бегонагон аз мо пешдастӣ намудаву баҳори соли дуҳазорум аз Донишгоҳи Кембриҷи Инглистон номае расида буд, ки Бобоев Адҳам Сафарович барои пажӯҳишҳои вижаи майдони электромиқнотисӣ дар радаи МУТТАФАКИРОНИ БАРҶАСТАИ САДАИ БИСТУМ шинохта шудааст. Аз шогирдони ин зуфунуни тоҷик низ таманно ин аст, ки мактаби ин бузургворро боз кардаву давоми ногуфтаҳояшро гӯянд.

Устод Лоиқ нек фармуда:

Агар мардони раҳ дар раҳ бимонанд,

Магӯ, онҳо касони нотавонанд,

Агар худ ноумеди нимароҳанд,

Умедеро ба манзил мерасонанд.

Абдуваҳҳоби Холмуҳаммад, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.