Тоҷикистон: ҷамъоварии тақрибан 1,1 миллион тонна сабзавот дар назар аст
Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, имсол дар кишвар ҷамъоварии тақрибан 1,1 миллион тонна сабзавот дар назар аст.
Ба иттилои манбаъ, ҷамъоварии ҳосил дар Хатлон, Суғд, Ваҳдат ва як қатор манотиқи дигари кишвар босуръат идома дорад.
Тибқи омор, барои кишти картошка 58566,3 гектар ҷудо шуда, то имрӯз ба миқдори беш аз 261,5 ҳазор тонна ҷамъоварӣ шудааст.
Гуфта мешавад, ки ҳоло дар истеҳсоли ин маҳсулот Панҷакент, Рашт, Мастчоҳ, Истаравшан, Дарвоз, Восеъ, Кӯлоб, Лахш, Деваштич пешсафанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ