Тоҷикистон аз истифодаи лампаҳои симобдор даст мекашад

Бо як қарори Ҳукумати Тоҷикистон воридоту истеҳсол ва фурӯши лампаҳои каммасрафи симобдор манъ шудааст. Лампаҳои симобдор дар номгӯи маҳсулоти таҳти рамз (код)-и 8539322001 зикр ёфтааст.

Ҳукумат ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ҳамдастӣ бо Хадамоти гумрук дастур додааст, ки назорати иҷрои қарори аз 28-уми майи соли ҷорӣ қабулшударо таъмин созанд.

Инчунин, ба дигар вазорату идораҳои дахлдор супориш дода шудааст, ки ҷиҳати “тақвият додани истеҳсоли фурӯзонакҳои каммасрафи нуридиҳандаи диодӣ ва аз ҷиҳати экологӣ безарар дар ҳудуди ҷумҳурӣ» тадбирҳо андешанд.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон аз соли 2009 ба истифодаи лампаҳои каммасраф гузашта, лекин баъдан мушкилоти нобуд кардани лампаҳои люминестсентӣ рӯйи кор омад, ки симоб доранд.

Чунин лампаҳоро ба партовгоҳи одӣ партофтан лозим нест, зеро агар симоби онҳо ба партовҳои маишӣ омехта шавад, ба табиату гирду атроф хатарнок аст. Маводи заҳрноке, ки дар таркиби ин лампаҳо мавҷуданд, тамоми ашёи муҳити атроф, аз ҷумла хоку ҳаво ва обу биосфераро ифлос мекунанд.

Бинобар ин, мутахассисон истифодаи фурӯзонакҳои каммасрафи нуридиҳандаи диодиро тавсия медиҳанд, зеро онҳо симоб надошта, харҷи энергия низ дар онҳо нисбатан камтар аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *