Тоҷикистон бо Австралия, Саудӣ ва Чин бозӣ мекунад
Дар шаҳри Бангкоки Тайланд маросими қуръакашии Ҷоми Осиё байни футболбозони то 17-сола баргузор гардид.
Дар қуръакашӣ маълум шуд, ки дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон шомили гурӯҳи «С» гардида, бо дастаҳои мунтахаби наврсони то 17-солаи Австралия, Арабистони Саудӣ ва Чин бозӣ мекунад.
Бояд гуфт, ки пас аз натиҷаи бозиҳои Ҷоми Осиё-2023 байни футболбозони ҷавони то 17-сола чор дастаи беҳтарин соҳиби роҳхатҳо ба Ҷоми ҷаҳонии футбол-2023 мешаванд.
Ҷоми Осиё байни дастаҳои мунтахаби то 17-сола аз 17-уми июн то 2-юми июли соли 2023 бо ширкати 16 дастаи мунтахаб дар Тайланд баргузор мешавад.
Натиҷаи қуръакашии Ҷоми Осиё-2023 U-17:
Гурӯҳи А: Тайланд, Яман, Малайзия, Лаос.
Гурӯҳи В: Курёи Ҷанубӣ, Эрон, Афғонистон, Қатар.
Гурӯҳи С: Тоҷикистон, Австралия, Арабистони Саудӣ, Чин. Гурӯҳи D: Ҷопон, Ҳиндустон, Ветнам, Ӯзбекистон.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ