Тоҷикистон бо туст Панҷшер!!!

НОМА БА ПАНҶШЕР

ПАЁМИ АҲЛИ ЗИЁ ВА ҶАВОНОНИ БЕДОРИ ТОҶИКИСТОН БА ҶАБҲАИ МУҚОВИМАТИ МИЛЛИИ АФҒОНИСТОН

Имрӯз дар шаҳри Душанбе маҷмӯаи “Нома ба Панҷшер” ба нашр расид, ки ҳамовозии аҳли қалами Тоҷикистон ба неҳзати бедорӣ ва сулҳхоҳии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо раҳбарии Аҳмади Масъуд аст. Ин маҷмӯа бо ду хат – кирилии тоҷикӣ ва арабиасоси тоҷикӣ ба нашр расид.

Дар ин маҷмӯа ашъори шоирони тоҷик шуруъ аз бузургон Гулрухсор, Камол Насрулло, Аскар Ҳаким, Муҳаммад Ғоиб, Низом Қосим, Меҳринисо, устодон Рустам Ваҳҳобзода, Ато Мирхоча, Озарахш, Нуқраи Суннатниё, Шаҳрия, Давлат Сафар, Озар, Абдуллоҳи Раҳнамо, Исмоил Зарифӣ Салими Зарафшонфар, Нурали Нурзод , Адибаи Хуҷандӣ то шоирони ҷавон Орзу Исо, Адибаи Азиз, Толиби Луқмон, Бузургмеҳри Баҳодур, Бузургмеҳри Тоҷиддин, Иброҳимҷон Дӯстализода, мақолаҳои донишмандону журналистон Абдунабӣ Сатторзода, Мирзо Шукурзода, Анзурати Маликзод, Одил Нозир ва дигарон гирдоварӣ шудааст.

Дар ин нигоштаҳо аҳли зиёи Тоҷикистон ғасби Афғонистонро аз ҷониби гуруҳи террористии “Толибон”* маҳкум карда, хостори истиқрори сулҳу осоиш дар Афғонистон шудаанд. Ин маҷмӯа дар партави сиёсати сулҳхоҳонаи Пешвои Миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон омодаи нашр шуда, паёми мардуми Тоҷикистон ба Афғонистон ва ҷомеаи ҷаҳон аст.


Нома ба Панҷшер будани ин нома бесабаб нест. Зеро, тавре ҳама огоҳӣ дорем, Панҷшер бо роҳбарии Аҳмад Масъуд ягона минтақае аст, ки дар баробари Толибон суқут накард ва нурест дар ҷабини гирифтаи Афғонистони ҷангзада. Наъраи Шерони Панҷшер дар ин авохир гӯши оламро кар кардан дорад. Панҷшер Каъбаи озодии Афғонистон, ягона умеди мардуми азияткашидаи ин минтақа барои расидан ба сулҳ аст.


Ин маҷмӯаро шоир, тарҷумон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Иброҳимҷон Дӯстализода гирдоварӣ ва нашр намуд. Ин амали Иброҳимҷон сазовори дастгирӣ ва қобили ситоиш аст. Офарин!
Дар ду-се рӯзи оянда, зимни баргузории як чорабинии мутантан “Нома ба Панҷшер” рӯнамоӣ ва дастраси хонандагон хоҳад шуд.
Пас аз рӯнамоӣ шакли электронии китоб ҳам тариқи торномаҳои интернетӣ дастраси ҳамагон мегардад.

1684515

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *