Тоҷикистон дар чемпионати Ассотсиатсияи футболи ОМ ширкат мекунад
Нахустин чемпионат дар таърихи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) бо ширкати тимҳои миллии мардона аз 9 то 21-уми июни соли ҷорӣ баргузор мешавад, ки сарпарастии онро ширкати русии «Газпром» бар уҳда гирифтааст.
Шаш созмони аъзои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ — Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон ширкати худро дар чемпионати CAFA-2023 байни дастаҳои миллӣ тасдиқ карданд. Дар ин мусобиқа тими миллии Русия низ хоҳиши ширкат карданро дорад, аммо то ҳол бо FIFA ва AFC ҳамоҳанг карда нашудааст. Ҳамчунин Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ яке аз дастаҳои Осиёро барои ширкат дар мусобиқаи нав даъват мекунад. Эҳтимол аст, ки ин дастаи мунтахаби Тайланд бошад.
Тибқи нақша пас аз натиҷаи қуръакашии Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ҳашт даста ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд, ки дар он бозиҳо аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мешаванд. Сипас, ғолибони гурӯҳҳо дар финал вомехӯранд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойи дуюмро мегиранд, барои зинаи сеюми мусобиқа мубориза мебаранд. Ин мусобиқа дар шаҳрҳои Тошканд ва Бишкек баргузор мешавад.
Барои дастпарварони мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт ширкат дар чемпионати CAFA-2023 яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 мебошад, ки он аз 12-уми январ то 10-уми феврали соли 2024 дар Қатар баргузор мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ