футбол

Тоҷикистон дар радабандӣ 108-ум шуд

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон соли 2022-ро дар зинаи 108-уми радабандии FIFA ҷамъбаст кард.

Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) радабандии охирини дастаҳои мунтахаби аъзояшро дар соли 2022 нашр кард.

Дар ин рейтинг тими миллии Тоҷикистон бо 1187,02 имтиёз дар ҷойи 108-ум қарор дорад. Дар байни намояндагони Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар зинаи 20-ум қарор дорад. Як сол пеш тими миллии Тоҷикистон дар ин рейтинг дар зинаи 116-ум ҷойгир буд.

Дар маҷмуъ, дар як соли охир тими миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт 9 бозӣ гузаронида, 5 пирўзӣ (Қирғизистон — 1:0, Мянмар — 4:0, Сингапур — 1:0, Тринидад ва Тобаго — 2:1, Малайзия — 0:0, пеналтӣ — 3:0) ва ду мусовӣ (Қирғизистон — 0:0, Русия — 0:0) карда, дар ду бозӣ бохтааст (Уганда — 1:1, пеналтӣ — 4:5, Сурия — 0:1).

Радабандии навбатии FIFA 6-уми апрели соли 2023 нашр мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *