Тоҷикистон: Синфҳои махсуси футбол ташкил карда мешаванд

Федератсияи футболи Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар Тоҷикистон синфҳои махсуси футболро ташкил кунад. ФФТ дар бораи ин тасмим дар ҷаласаи нахустини имсола хабар додааст. “Дар заминаи чор муассисаи таҳсилоти умумии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтор синфҳои махсуси футбол ташкил карда мешаванд”,- омадааст дар хабарномаи ФФТ.