Тоҷикистон: содироти барқ ба маблағи беш аз 43 миллион доллар дар 6 моҳ
Бино ба иттилои Агентии омор, нимсолаи аввали соли 2023 Тоҷикистон ба маблағи беш аз 43,2 миллион доллар нерӯи барқ содирот кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,4 миллион доллар камтар аст.
Ба иттилои ширкати “Барқи тоҷик”, Тоҷикистон бар асоси қарордодҳои басташуда ба Афғонистон (тамоми сол, вале дар ҳаҷми маҳдуд дар давраи тирамоҳу зимистон) ва ба Ӯзбекистон танҳо дар давраи баҳору тобистон (аз моҳи май то август) нерӯи барқ мефурӯшад.
Дар нимаи моҳи майи соли ҷорӣ Вазорати энергетикаи Ӯзбекистон аз оғози воридоти мавсимии нерӯи барқ аз Тоҷикистон хабар дода буд.
Бино ба маълумоти Агентии омор, дар нимаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 10,7 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ тавлид шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 3,3 дарсад бештар аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ