Тоҷикистонро давоми се рӯз чангу ғубор пахш мекунад

Аз 16 то 19 август дар шаҳри Душанбе ва баъзе минтақаҳои мамлакат баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз моддаҳои муаллақ (чанг), Рм-10 (заррачаҳои андозаашон 10мкр) ва Рм-2,5 (заррачаҳои андозаашон 2,5 мкр) пешбинӣ шудааст.

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Тоҷикистон, бо сабаби омилҳои метеорологӣ — чангбоде, ки аз самти минтақаҳои ҷанубӣ ва ҷанубу ғарбӣ ба мамлакат ворид мегардад, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз эҳтимол дур нест.

Тавсия ба мардум

Мутахассисони соҳаи тиб тавсия медиҳанд, ки дар чунин рӯзҳо шаҳрвандон аз сайругашти зиёди рӯзона дар хиёбонҳо, кӯчаҳо, хусусан дар наздикии роҳҳои сернақлиёт, ки ба саломатиашон хатарнок аст, худдорӣ намоянд.

Ифлосшавии ҳавои атмосферӣ ба кӯдакон, пиронсолон, занҳои ҳомила ва шахсоне, ки бемориҳои диққи нафас ва қалб доранд, таъсири манфӣ мерасонад.

Дар чунин ҳавои номусоид бемориҳои музмини роҳҳои нафаскашӣ ва намудҳои гуногуни аллергия авҷ мегиранд. Аз ин рӯ, шахсони гирифтори чунин бемориҳо берун аз биноҳои истиқоматӣ бояд камтар гарданд.

Шахсоне, ки бемориҳои дорои хусусияти мавсимӣ доранд, ба мисли диққи нафас, ринити аллергикӣ, полиноз, бемориҳои ишемиявии дил, фишорбаландӣ ва бемориҳои системаи масуният дар чунин ҳаво бояд эҳтиёт намоянд. Зеро шахсони гирифтори бемориҳои системаи дилу рагҳои хунгард, бемории ишемиявии дил, фишорбаландии шарёнӣ ва бемориҳои тарбод дар чунин ҳаво азият мекашанд. Инчунин ин гуна ҳаво ба шахсони гурӯҳи осебпазир ва дорои хатари саломатӣ, ба мисли беморони гирифтори бронхит, амфизема ё астма, бемориҳои роҳи нафас ва дил, инчунин кӯдакон, занони ҳомила ва пиронсолон зарар дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *