Тоҷикон дар Мариуполи ишғолшудаи Украина
Баъзе аз ширкатҳои русӣ даҳҳо муҳоҷири тоҷикро барои кор ба шаҳри ишғолшудаи Мариуполи Украина бурдаанд. Мариупол аз моҳи майи имсол зери назорати неруҳои Русия аст. Баъзе аз муҳоҷирон бо ваъдаи маоши хуб ба онҷо рафта, иддае худдорӣ кардаанд. Дар ин бора centralasian.org хабар медиҳад.
Қурбон Шарифов, муҳоҷири 30-солаи тоҷик охири моҳи августи имсол аз Маскав ба Мариупол рафтааст. Ӯ мегӯяд, ки то ин вақт дар ширкати “Реставратсия” кор мекард ва ҳамин ширкат ӯро ба Мариупол фиристод. Ӯ афзуд, моҳи аввал беш аз 130 ҳазор рубл (2350 доллар) гирифтанд, ки ду баробар бештар аз маошашон дар Русия аст, вале намедонанд дар оянда низ чунин маош хоҳанд гирифт ё не.
“Дар инҷо хонаҳои вайроншударо барқарор мекунем. Дару тирезаро иваз мекунем, болопӯши биноро нав мекунем. Се вақт хӯрок ва ҷойи хоб медиҳанд”,- гуфт номбурда.
Мариупол дар Донетск ҷойгир буда, охири моҳи феврал зери ҳамлаҳои Русия монд. Ба гуфти мақомоти Украина, дар пайи ҷангҳои сахте, ки се моҳ идома кард, Мариупол ба харобазор табдил ёфт ва аксар сокинон аз онҷо кӯчиданд. Дар моҳҳои охир чанд ширкати русӣ эълон карданд, ки барои барқарор кардани харобаҳо дар Мариупол коргар меҷӯянд. Вале баъзе аз муҳоҷирон онро муваққатӣ ва барои ҷалби коргарон дониста, феълан аз рафтан ба ин шаҳри Украина худдорӣ мекунанд. Бахтовар Норов, як муҳоҷири тоҷикро барои кор ба Мариупол даъват кардаанд, вале ӯ саросема нест. “Гуфтанд, ки равед, касе ба шумо кор надорад. Вале ҷанг давом дорад, Худо медонад, ки аз онҷо зинда меоӣ ё не. Ними нон роҳати ҷон гуфта, дар ҳамин Русия кор мекунем”,- афзуд Бахтовар Норов.
Қурбон Шарифов, муҳоҷири тоҷик, ки феълан дар Мариупол кор мекунад, гуфт, давоми як моҳи кор ягон хатарро эҳсос накарданд, аммо ба гуфтааш, “аҳли оила хавотиранд».
Омори дақиқи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои кор ба Мариупол рафтаанд, дар даст нест. Ба гуфти Қурбон Шарифов, танҳо ширкати “Реставратсия” 110 муҳоҷирро ба Мариупол бурдааст, ки аксарашон тоҷик ҳастанд. Ба гуфтаи Шарифов, чанд ширкати дигар низ муҳоҷиронро аз Русия ба Мариупол мефиристанд, вале номашон барои мо маълум нест.
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфтанд, ки барои интиқоли муҳоҷирон ба Мариупол аз мақомоти рус “маълумоти расмӣ” нагирифтаанд. Масъулони сафорат танҳо гуфтанд, ки “шаҳрвандон тариқи телефон дар масъалаи мазкур муроҷиат карданд ва ба онҳо тавсия дода шуд, ки аз рафтан ба минтақаҳои хатарнок худдорӣ намоянд”.
Дар ин миён танҳо ширкатҳои русӣ нестанд, ки муҳоҷиронро барои кор ба Мариупол мефиристанд. Дар Русия баъзе тоҷикон ҳам ба фиристодани муҳоҷирон ба Мариупол машғуланд.
Муҳоҷирони тоҷик дар ҳоле ба Мариупол мераванд, ки даргириҳо миёни Русия ва Украина шиддат мегирад. Неруҳои украинӣ аз бозпас гирифтани чанд минтақа, аз ҷумла шаҳри стратегии Лиман хабар доданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ