«Тоҷ-Чайна» ва «Покруд» 31 млн 920 ҳазор сомонӣ зарар расонданд

Муовини якуми раиси шаҳри Ваҳдат Восеъ Ятимзода дар бораи натиҷаҳои  дастовардҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳр дар нимсолаи аввали соли равон гузориш дод.

Ятимзода инчунин ба рӯзноманигорон ботаассуф иттилоъ дод, ки ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар маҷмӯъ 71 млн 744 ҳазор сомониро ташкил дод, ки дар қиёс  бо ҳамин давраи соли гузашта 31 млн 920 ҳазор сомонӣ кам мебошад.  Сабаби инро ӯ ба кам гаштани ҳаҷми маҳсулот асосан аз ҳисоби бо иқтидори пурра кор накардани ҶДММ   «Тоҷ-Чайна» ва ҶДММ «Покруд» маънидод намуд.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро нисбат ба ҳамин давраи соли  гузашта ҶДММ   «Тоҷ-Чайна» ба маблағи 35 млн 330 ҳазор сомонӣ коҳиш додаст, ки ин ба иҷроиши қисми даромади буҷети шаҳр таъсири манфӣ расонд. Инчунин, аз 64 корхонаю коргоҳҳои расман ҳисоботдтҳанда 23 корхона бинобар надоштани маблағҳои гардишию ашёи хом фаъолият накарда,  22 корхонаи дигар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро кам карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *