Тоҷи шоҳмоти ҷаҳон дар сари Магнус Карлсен
Тоҷи шоҳмоти ҷаҳон дар сари Магнус Карлсен
Бинобар иттилои ТАСС аз 1 декабри соли равон шоҳмотбози норвеягӣ Магнус Карлсен бори дуюм унвони чемпиониашро ҳимоя кард. Ӯ ба ин дастоварди бузург баъди пирӯзӣ ба шоҳмотбози Русия Сергей Карякин бо ҳисоби умумии 9:7 ноил гашт.
Карлсен бори нахуст унвони чемпиони ҷаҳонро дар шоҳмот ноябри соли 2013 пас аз мағлуб сохтани Вишванатан Ананди ҳинду ба даст оварда буд ва 16-умин қаҳрамони ҷаҳон дар ин намуди варзиш мҳсуб меёбад. Вай соли 2014 боз Вишванатан Анандро шикаст дода, унвони чемпиониашро ҳифз кард. Ӯ дар вохӯрӣ бо Карякин аввалин маротиба дар фаъолияти шоҳмотбозиаш аз усули тай- брейк – чор партияи 25-дақиқаина бо иловаи 10 сония барои ҳар як гашт истифода карда, пирӯз гашт.
Э. НАЗАРОВ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ