Тоҷикистон: Чархболҳои рус зиёда аз 10 бомба партофтанд
Лёчикҳои базаи 201 дар дар майдони озмоишии ҳарбии Ҳарбмайдони Тоҷикистон тавассути вертолётҳои Ми-8 ва Ми-24 амалиёт гузарониданд. Дар ин бора Дафтари матбуоти округи ҳарбии Марказӣ хабар медиҳад.
Вазифаи лечикҳо иборат аз он буд, ки ҳадафҳои дар замин қарордоштаро мавриди бомбаандозӣ қарор диҳанд. Зимнан ёдрас гаштааст, ки мақсади асосӣ иборат аз он буд, ки калоннаи автомабилҳо ва техникаи ҳарбии ҳаракаткунанда, амборҳои силоҳ, қароргоҳи душманро нобуд созанд.
Тарзе ки дафтари матбуот хабар медиҳад мақсади ба миён гузоштаро чархболҳои Ми-8 и Ми-24 иҷро карданд. Ҳамагӣ 10 бомбаи авиатсионӣ партофта ва қариб 50 рокета сар дода шуд. Сарнишинони чархбол то ҳади имкон ба ҳадаф наздик омаданд, ки самаранокии ҳуҷумро таъмин намуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ