Тоҷикистон тиллояшро мефурӯшад, Русия захира мекунад
Дар нимсолаи аввали соли 2019 Бонки марказии Русия ба миқдори 55,3 тонна тилло харидорӣ кардааст, ки дар миёни кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон дар ин замина пешсаф ҳисоб меёбад.
Дар нимсолаи аввали соли 2019 Бонки марказии Русия ба миқдори 55,3 тонна тилло харидорӣ кардааст, ки дар миёни кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон дар ин замина пешсаф ҳисоб меёбад.
Бино ба гузориши Шӯрои ҷаҳонии тилло (WGC), ба ин васила Русия талош мекунад то аз вобастагии доллари амрикоӣ раҳоӣ ёбад.
Феълан захираи тиллою асъори Русия ба 487 миллиард доллари амрикоӣ расидааст.
Ин манбаъ афзудааст, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ Бонкҳои марказии кишварҳои ҷаҳон ба миқдори 145,5 тонна тилло захира кардаанд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 68 дарсад бештар будааст.
Дар канори Русия Эквадор, Туркия, Қатар, Қазоқистон ва Колумбия аз харидорони аслии тилло маҳсуб шуда, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Муғулистон захираҳои тиллои худро ба фурӯш баровардаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ