Тоҷикистониҳо он қадар хушбахт набудаанд

Журнали машҳури Forbes феҳристи кишварҳое зери унвони «World Happiness Report 2019» (Гузориши ҷаҳонии хушбахтӣ) ба нашр расондааст.

Журнали машҳури Forbes феҳристи кишварҳое зери унвони «World Happiness Report 2019» (Гузориши ҷаҳонии хушбахтӣ)  ба нашр расондааст.

Финландия дар ин руйхат мақоми аввалро гирифтааст.  Тоҷикистон бошад, баъд аз Молдава буда, дар мақоми 74-ум ҷой гирифтааст. Гузориши мазкурро олимон аз давлатҳои Канада, Британияи Кабир ва ИМА бо супориши Созмони Милали Мутаҳид омода намудаанд.

 Ба  ин руйхат ҳамагӣ 156 давлат ворид шудааст, ки дар даҳгонаи аввал Финландия, Дания, Норвегия, Иландия, Недерландия, Шведсария, Шведсия, Зеландияи Нав, Канада ва Австрия меистад.

Англия дар ҷои 15-ум, Амрико мақоми 19-умро соҳиб шудаанд. Руссия аз гузори пешин  7 зина поён фаромада дар қатори 66-ум ҷой гирифтааст. Аз давлатҳои пасошӯравӣ  Ӯзбекистон дар ҷои 41-ум Қирғизистон-86, Туркменистон-87  ва Қазоқистон мақоми 60 қарор гирифтааст.

Кишварҳои  «бадбахттарин» Афғонистон (154), Африқои Марказӣ (155) ва  Судони Ҷанубӣ (156)  маҳсуб шудаанд. 

   Муаллифони гузориш шаш нуктаро ба назар гирифта руйхатро тартиб додаанд. Аз ҷумла, нархи маҳсулоти хӯрокворӣ, давомнокии умр, дастгирии иҷтимоӣ, хайр (расонидани кӯмак аз ҷиҳати маҳсулоти истеъмолӣ), озодии интихоби ин ё он масъалаи ҳайётан муҳим ва амалҳои коррупсионӣ.  Ҳар яки ин фактҳо бо андозаи даҳбалӣ баҳогузорӣ шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *