толенома

Толеъномаи 16-уми июли соли 2023

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Ҳамал

Дар ин рӯз барои анҷом додани корҳои хона вақту имконият ёфта наметавонед. Ваъдаеро, ки ба шахси наздикатон дода будед, иҷро намоед. Нафарони соҳибкор буҳрони иқтисодиро аз сар мегузаронанд. Дар корҳои нафарони эҷодкор муваффақият дида мешавад, нақшаҳоро ба зудӣ амалӣ месозед.

Савр (21 апрел-22 май)

Дар муносибатҳои ошиқонаатон нофаҳмӣ рух медиҳад. Агар танқидро нисбати шахси дӯстдоштаатон бас накунед, вазъият душвортар мегардад. Агар шумо дар вазифаи роҳбарӣ кор мекарда бошед, нисбати кори кормандони худ бодиққат бошед. Эҳтимоли фиребу дуздӣ вуҷуд дорад. Барои он ки ба меъдаатон зарар нарасад, ба реҷаи хӯроки худ бодиққат бошед.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Ҷавзо

Дар ин рӯз аз рафтору кирдори наздикони худ қаноатманд намегардед. Дар муносибат бо шахси дӯстдоштаатон ботаҳаммул бошед. Ҳатто камтарин муноқиша боиси ҷанҷоли калон мегардад. Ба қарз ғӯтта намезанед, вале маблағи пулиеро, ки дар интизораш будед, ба даст намеоред.

Саратон (22 июн-22 июл)

Саратон

Дар робита бо наздикон сар задани мушкилиҳои начандон хурд дар назар аст. Сабаби тамоми нофаҳмиҳо табъи хираи шумо мегардад. Агар ба дағаливу эҳсосот роҳ диҳед, аз муноқиша халосӣ намеёбед. Бо худтабобаткунӣ машғул нашавед, хусусан ҳангоми бемориҳои музмин. Ба корҳои вазнини ҷисмонӣ роҳ надиҳед.

Асад (23 июл-23 август)

Асад

Барои ба мағозаву бозор рафтан рӯзи бобарор аст. Дар рафти кор танҳо ба нафарони дилпур боварӣ кунеду ба корҳои нав даст назанед. Дар масъалаҳои ошиқона бояд масъулият ва ташаббусро ба дӯши худ гиред. Барои ба истироҳатгоҳ рафтану фароғат кардан рӯзи бобарор аст.

Сумбула (24 август-23 сентябр)

Сумбула

Агар аз ёри худ ҷудо шудан нахоҳед, хеле нармгуфтор бошед. Барои беҳтар сохтани вазъи молиявӣ аз кори якрангу дилгиркунанда низ даст накашед. Бонувонро шиносоиҳои аҷиб интизор аст, эҳтимол муносибатҳои дӯстонаи шумо ба ишқу муҳаббат табдил меёбад.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Мизон

Дар ин рӯз ҳангоми робита бо хешовандон ба дағалӣ роҳ надиҳед. Бо вуҷуди ҳақ буданатон боодобона рафтор кунед. Рӯзи хубест барои истироҳат ва сафарҳо. Дар масъалаи ошиқона барои ислоҳ намудани вазъият чораҳои фаврӣ андешиданатон лозим аст. Бо сабаби сар задани мушкилоти оилавӣ бо ҳам муноқиша накунед, онро якҷоя рафъ намоед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Ақраб

Дар корҳоятон пешравӣ дида мешавад. Дар рафтору гуфтор ба ягон амали беандеша даст назанед. Бештар дар ҳавои тоза гаштугузор намуда, хастагиву бемадориро рафъ кардан муяссаратон мегардад. Дар муносибатҳои оилавӣ якдигарфаҳмӣ ва меҳру муҳаббат дида мешавад.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Қавс

Дар ин рӯз аз ҷониби дӯсти наздикатон дурӯягӣ ва рафтори беандеша рух медиҳад. Парҳезро риоя намуда, аз хӯрокҳои шӯр, равғанин ва серғизо худдорӣ намоед. Барои рафъ намудани мушкилиҳое, ки байни шумову дӯстдоштаатон пайдо шудааст, муваққатан робитаатонро бо ӯ қатъ намоед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Ҷаддӣ

Рӯзи бобарор аст, хусусан барои мардҳо. Шарикони фаъоли кориро ҷалб ва ҳамкорони навро пайдо карда метавонед. Муносибати нави ошиқонаро бо иззатталабӣ нобуд месозед. Хобҳоятон дар ин рӯз амалӣ мешаванд. Дар хоб дидани либоси ифлос нишонаи хуб нест.

Далв (21 январ-20 феврал)

Далв

Дар ин рӯз рақибону душманонатон ба ҳиллаву найранг мегузаранд. Агар ба кумаки миёнаравҳо муроҷиат кунед, ғолиб меоед. Ба хонаи далвҳои муҷаррад хостгор меояд. Барои беҳтар гардонидани саломатӣ оббозӣ мусоидат мекунад. Баъзеҳо дӯстони нав пайдо мекунанд.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Ҳут

Дар робита бо атрофиён душвориҳо сар мезананд. Ҳутҳои ҷавон аз уҳдаи мушкилоти ба сарашон омада бо душворӣ мебароянд, хусусан бо наздикони худ созиш карда наметавонанд. Муносибатҳои ошиқонае, ки чандон устувор набуданд, пароканда мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *