толеънома

Толеъномаи 23-юми январи соли 2023

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз ҳамалҳоро комёбӣ ва бурдбориҳо интизор аст. Нимаи дуюми рӯз мушкилие пеш меояд, ки дар ҳаллаш каме танқисӣ мекашед. Аз дўстонатон мадад напурсида, дилпурона, ба ақлу фаросати худатон такякунон амал кунед, ба мақсад мерасед ва ғолиб мебароед. Охири рӯз ба сафари корие мераведу барои худ роҳи нави даромадро мекушоед.

Савр (21 апрел-22 май)

Дар ин рӯз саврҳоро шиносоиҳои аҷибу тақдирсоз дар назар аст. Агар дидадаро ва меҳрубон бошед, метавонед ба зудӣ дар дили ошноҳои наватон маъво гирифта, бо воситаи ин одамон тиҷорати нав кушоед, кори сердаромад ёбед, умуман коратонро равнақ бахшеду зиндагиро роҳатбахш созед. Нимаи дуюми рӯз идеяҳоеро, ки ба саратон меоянд, каме тағйир дода, дар амал тадбиқ мекунед.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Ин рӯз якравиро як тараф монеду ақли солимро кор фармуда, ба пеш ҳаракат кунед. Гирифтани вазифаи нав зодагони бурҷи ҷавзоро дар назар аст, аз ин рў кўшед, ки тамоми корҳоятонро бе хатоӣ анҷом диҳед. Рашку ҳасади ҳамкоронатон метавонад балоеро ба саратон орад.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз зодагони бурҷи саратон атрофиёнро бо накўкорию меҳрубонӣ ба худ ҷалб мекунанд. Дўстони наздикатон барои кўмакпурсӣ наздатон меоянд. Дасти ёрӣ дароз карданатон зарур аст, зеро дўстро дар вақти тангӣ мешиносанд. Дилтангию хасисӣ накарда, бо дили кушод ба дўстон некӣ кунед, Худованд подоши некиатонро як бар сад бармегардонад.

Асад (23 июл-23 август)

Мушкилиҳоеро, ки кайҳо боз азиятатон медиҳанд, фаромўш созед, вагарна аз фикри бисёр бемор шуданатон эҳтимол дорад. Фаромўш накунед, ки саломатӣ ганҷи бебаҳост ва ягон сарвати олам ба барбод доданаш намеарзад. Тану ҷони худро нағзакак эҳтиёт намоед. Дар зиндагӣ руҳафтода нашуда, ба пеш ҳаракат кунед, чунки ҳарчӣ дар қисмати инсон навишта шуда бошад, онро нодида гурехта намешавад.

Сумбула (24 август-23 сентябр)

Дар ин рўз хабаре ба гўшатон мерасад, ки дунёро дар назаратон торик мекунад. Дарҳол ба воҳима афтода, аз пашша фил насозед. Ба гапҳои иғвоангезон эътибор надиҳед, беҳтараш барои мўйро аз хамир ҷудо кардан ҳаракат кунед. Рост ё дурўғ будани хабарро аниқ карда, баъд хулоса бароред. Аз ҳама муҳимаш, нагузоред, ки эҳсосотатон аз ақлатон боло гирифта, корро расвою саргум кунад.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Ин рӯз атрофиён ба кор ва рафтору кирдоратон баҳо мегузоранд, аз ин рў бодиққат ва хушмуомила бошед. Эҳтимол бадхоҳонатон ҳар гуна овозаю ҳангомаҳоро паҳн карда, аз пасатон миш-миш мекунанд. Ба ғазаб биёед ҳам, асабонӣ шуданатонро нишон надиҳед, тавре рафтор кунед, ки бароятон кору гапи онҳо заррае ҳам эътибор надорад.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Ин рӯз қувваи ноаёнеро ҳис мекунед, ки ниҳоят шуморо аз ботлоқи ғаму андуҳу нобарориҳо кашида мебарорад. Нокомиҳоятон хотима меёбанду бо дили гарм нақшаҳои навро барои зиндагӣ тарҳрезӣ мекунед. Нимаи дуюми рӯз шонси ба даст овардани пули калон пайдо мешавад. Кўшиш кунед, ки тамоми сарчашмаҳои даромадро тафтиш намуда, робитаро бо дўстони деринатон, ки ҳамеша хайрхоҳатон буданд, дубора барқарор созед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Зодагони бурҷи қавсро айёми дар амал татбиқ кардани нақшаҳояшон фаро расидааст. Кўшиш кунед, ки фурсатро ғанимат дониста, дар ҳама кор сарриштаро ба дасти худ бигиред. Пешрафти зиндагиатонро таъмин месозед, ба шарте, ки тамоми ақлу маҳорати худро истифода баред. Шонси вохўрӣ бо одамони воломақом вуҷуд дорад. Агар ширинзабонӣ кунеду ба онҳо писанд афтед, шояд кордатон болои равған мешавад.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз чунон серкор мешавед, ки вақти сархорӣ намеёбед. Беҳуда барои ҳар майда- чўйда худро асабонӣ карда, ба беморӣ гирифтор насозед. Агар бо асаби ором ба кор часпед, тезтар ба мақсад мерасед. Якбора аз пайи анҷом додани чанд кор нашавед, вагарна тамоми корҳоятон нимкора мемонанд. Беҳтараш корҳои муҳимтаринро худатон анҷом дода, дуюму сеюмдараҷааашро ба дигарон супоред.

Далв (21 январ-20 феврал)

Ин рӯз дарк мекунед, ки ҳаётатон якранг асту дилатон майли навигариҳо дорад. Зиндагиятонро танҳо худатон метавонед тағйир диҳед. Тақдир шонси рангин намудани рўзгоратонро медиҳад, вале барои ба даст овардани мурғи барор худатон бояд талош намоед. Фаромўш накунед, ки ганҷ бе ранҷу роҳат бе заҳмат ба даст намеояд.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Дар ин рӯз сирре, ки аз атрофиён пинҳон мекардед, ошкор мешавад. Фикр мекунед, ки пайвандонатон шуморо намефаҳманд ва моҷарои ба саратон омадаро аз онҳо пинҳон карданӣ мешавед. Хато мекунед. Ба дастгирӣ ниёз доред, аз ин рў, албатта фавран буду шуди гапро ба азизонатон гўед, то якҷоя шуда, роҳи аз ин ботлоқ баровардани шуморо пайдо намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *