толенома

Толеъномаи 27-уми июли соли 2023

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Ҳамал

Нерӯи ҳаётиятон дар сатҳи баланд қарор гирифта, ба амри дил гӯш дода, бурд мекунед. Дар бораи бадкирдории душманон хабаре шунида, руҳафтода мегардед. Барои ҳамалҳои калонсол ҳама гуна робита бо атрофиён оқибатҳои ногувор пеш меорад. Дар ҷодаи муҳаббат ба рашк роҳ надиҳед.

Савр (21 апрел-22 май)

Савр

Дар ин ҳафта дилатон аз рух додани мушкиливу нофаҳмиҳо дарак медиҳад. Чунон моҳирона душвориҳоро паси сар мекунед, ки атрофиён дар ҳайрат мемонанд. Нисбати нафароне, ки шуморо ба таври маънавӣ дастгирӣ мекарданд, боилтифот бошед. Аз саломатиятон шиква намекунед, нерӯятон дучанд ва табъатон хуш мегардад.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Ҷавзо

Дар ҳаёти шахсиятон аз рафтору кирдори шумо бисёр чизҳо вобастагӣ дорад. Барои он ки ба ғалатҳои пешина роҳ надиҳед, ҳама чизро нағзакак ба эътибор гиред. Дар ҷодаи молиявӣ аз маслиҳати ҳуқуқшиноси ботаҷриба ё муҳосиб истифода баред. Дӯстони нав пайдо мекунед, вале дӯстони деринро фаромӯш насозед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Саратон

Агар шумо муҷаррад бошеду тамоми вақти худро ба кор бахшида бошед, вақте расидааст, ки барои ҳаёти шахсии худ вақт ҷудо намоед, вагарна умре танҳо мемонед. Аз нишон додани ҳунару маҳорати худ наҳаросед. Барои рафъ намудани бемориҳои ҷиддӣ бояд аз ташхиси пурра гузаред.


Асад (23 июл-23 август)

Асад

Дар ин рӯз ба амалҳои хатарноке, ки дӯстон шуморо талқин менамоянд, роҳ надиҳед, вагарна сахт пушаймон мешавед. Корҳои хонаро фаромӯш насозед. Дар ҷодаи муҳаббат ба худхоҳӣ роҳ надиҳед, ки умре танҳо мемонед. Бонувони калонсол бояд аз ҳама гуна робитаҳо худдорӣ намоянд. 

Сумбула (24 август-23 сентябр)

Сумбула

Дар ин рӯз пешниҳодҳои зиёди ҳамкорӣ мегиред. Сафари роҳи дур бобарор анҷом меёбад. Ҳам пул кор мекунеду ҳам бо шахси аҷибе шинос мешавед. Ҳангоми рондани мошин боэҳтиёт бошед. Эҳтимоли нохуб гаштани саломатии сумбулаҳои калонсол дар назар аст.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Мизон

Дар ин рӯз аз ҳама гуна амалҳои хатарнок худдорӣ намоед. Агар ба рухсатӣ баромадан хоҳед, зудтар корҳоятонро ба сомон расонед. Даромади хуб боиси аз буҳрон баромаданатон мегардад. Азбаски аз уҳдаи сарф кардани маблағи калон мебароед, ин мушкилӣ шуморо ба шигифт намеорад.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Ақраб

Дар ин рӯз нисбати одамон қаллобиро раво набинед, хусусан агар эшон дар лаҳзаи дилхоҳ ба шумо кумак расонидан хоҳанд. Нафарони фаъолу мулоҳизакор дар корҳояшон пешравӣ мебинанд. Ақрабҳои фарзанддор бояд диққати худро ба фарзандонашон равона созанд.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Қавс

Дар ин рӯз бештар бо одамони некрафтору некандеш робита намоед, то ки зиндагии якрангатонро тағйир диҳед. Нафароне, ки меҳнати зиёд мекунанд, бояд истироҳати бофароғати худро таъмин намоянд. Агар маблағи пайдонамудаи худро барои оилаву фарзандон сарф намоед, бурд мекунед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Ҷаддӣ

Дар ин рӯз ба имконияту қувваи худ нигоҳ карда, амал намоед. Аз ҳама гуна пешниҳод фоида ба даст намеоред, ҷидду ҷаҳди зиёд бошад, боиси коста гардидани вазъи саломатиятон мегардад. Дар муносибататон бо шахси дӯстдошта душвориҳо сар мезананд.

Далв (21 январ-20 феврал)

Далв

Барои тағйир додани вазъи оилавӣ босабру ботаҳаммул бошед. Вохӯрии тасодуфӣ барои далви муҷаррад тақдирсоз мегардад. Шумо аз нигоҳи аввал ошиқ мешавед, ки ин хоси шумо нест. Вохӯриҳои наву аҷиб ба муносибатҳои ошиқона мубаддал мегарданд. Хобҳоятон пешгӯикунанда мешаванд.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Ҳут

Дар ин рӯз табъатон болида гашта, қарзатонро бармегардонед ва бо дӯстони деринатон вомехӯред. Рӯзи хубест барои ташхиси тиббӣ ва амалиётҳои ҷарроҳӣ. Муносибатҳоятонро бо шахси дӯстдошта тағйир дода, меҳру муҳаббататон қавитар мегардад. Ибодат кардану оббозӣ боиси беҳтар гаштани ҳолати руҳиятон мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *