Толеъномаи 27-уми октябри соли 2021

 Ҳамал (21 март-20 апрел)

Нимаи аввали рӯз бобарор оғоз меояд, вале баъзе нақшаву ниятҳоятонро пинҳон доштанатон хубтар аст. Дар давоми рӯз аз ҳайвоноти калони хонагӣ эҳтиёт шавед. Ҳангоми ҳисобу китоби пул ва кор бо ҳуҷҷатҳои муҳим ба шитобкорӣ роҳ надиҳед. Нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ ва истеъмоли гӯштро тавсия намедиҳем.

Савр (21 апрел-22 май)

Дар ҷойи кор ё бо наздикон муноқиша имкон дорад. Рӯзи бебарор аст. Хатари ба ғалат роҳ додану ба нофаҳмӣ гирифтор шуданатон имкон дорад. Ҷиҳатҳои манфии рӯзро бо сабру таҳаммул рафъ карда метавонед. Нафаре бо мақсади ғазаби шуморо овардан хабари дурӯғ мерасонад. Ба душманони худ бовар накунед, оқил бошед.

Ҷавзо (23 май- 21 июн)

Рӯзи бебарор аст. Дар ҷойи кор ё ҳангоми робита бо хешони дуратон муноқиша рух медиҳад. Муоширатро кам кунеду бо касе шинос нашавед, таъсири бегонаҳо сади роҳи пешравиҳоятон мегардад. Дар ин рӯз чизҳои куҳнаро напартоед, рӯзҳои наздик ба ин чизҳо сахт ниёз пайдо мекунед. Бо касе робитаро қатъ намуданро маслиҳат намедиҳем.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Бо калонсолони оила муноқиша карданатон имкон дорад. Ҳангоми рафъ намудани мушкилиҳои хеле вазнин оромиро нигоҳ доред. Танҳо сабру таҳаммул намуда вазъиятро беҳтар карда метавонед. Баъди нисфирӯзӣ ба асабоният гирифтор шуданатон имкон дорад.

Асад ( 23 июл- 23 август)

Дар ин рӯз ба корҳои хатарнок ва баҳсу мунозира роҳ надиҳед ва ҳангоми кор бо асбобҳои техникӣ ҳушёриро пеша намоед. Хатари ҷароҳат бардоштану ба садама гирифтор шуданатон зиёд аст. Ба ҳар гуна ҳодисаҳои ногаҳонӣ омода бошед. Бо худ маблағи калони пулиро нагардонед, хатари ба доми дуздон афтиданатон имкон дорад.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз аз пешниҳодҳои фиребанда , шиносоиҳои тасодуфӣ ва амалҳои хавфнок худдорӣ намоед. Хабари ногаҳонӣ боиси тағйир ёфтани нақшаву ниятҳоятон мегардад. Харидорӣ намудани либосу ҷавоҳиротро тавсия намедиҳем, вагарна моли бесифатро ба даст меоред. Инчунин либосҳои куҳна ё ҳуҷҷатҳои нодаркорро низ напартоед.

Мизон (24 сентябр- 23 октябр)

Рӯзи душвор аст, дар ҷойи коратон мушкилиҳо пеш меоянд. Баъзеҳо бо роҳбарият муноқиша мекунанд. Оромиро нигоҳ дошта, ба муноқиша роҳ надода, ғалатҳои худро ба кала гиред, он гоҳ тамоми нофаҳмиҳо рафъ мегардад. Корҳои нави тиҷоратиро ба нақша нагиред, вагарна коратон барор намегирад.

Ақраб (24 октябр- 22 ноябр)

Дар ин рӯз заҳмати зиёд мекашед. Тамоми қуввату маҳорати худро ба харҷ дода, дар ҳама кор бурд мекунед. Атрофиён ҷонибдори шумо мегарданд, ҳамчун мутахассиси хуб ҳурмату қадрдонӣ мекунанд. Барои ба даст овардани даромади пулӣ бояд маблағ сарф кунед.

Қавс ( 23 ноябр – 21 декабр)


Рӯзи мусоид аст. Имрӯз имкони истироҳат карданро пайдо мекунед. Орзуятонро амалӣ карда, хариди бобароре мекунед, ки аҳли оилаатонро шод месозад. Дар ҷойи кор аз муноқиша худдорӣ намоед, фаромӯш насозед, ки душман доред. Зудбоварии шумо барои ба мақсад расидан монеа эҷод мекунад.

Ҷаддӣ (22 декабр- 20 январ)

Дар давоми рӯз муносибатро бо наздикон ва ҳамсояҳо нисбатан беҳтар месозед. Таъмири хона ё хариди мебели нав бобарор анҷом меёбад. Робитаҳои кандашудаи дӯстиро барқарор мекунед. Гувоҳии дилатон рӯзҳои наздик амалӣ мегардад. Баъзе рафтори шумо боиси норозигии ҳамкоронатон мегардад.

Далв (21 январ- 20 феврал)

Кори зиёд боиси камқувватӣ ва ҳатто руҳафтодагиятон мегардад, вале фаромӯш накунед, ки ҳар қадаре кӯшиши зиёд ба харҷ диҳед, ҳамон андоза дар масъалаҳои тиҷоратӣ бурд мекунед. Нотоб шуданатон ба рафти корҳоятон таъсири манфӣ мерасонад. Вохӯрие имкон дорад, ки нохушиҳои зиёдро ба бор меорад.

Ҳут (21 феврал- 20-март)

Имрӯз мушкиливу ташвиши зиёде ба саратон меояд. Аз шахси бароятон наздик хабаре мешунавед, ки боиси тағйир додани нақшаҳоятон мегардад. Ба дӯстдоштаатон кӯмаки шумо лозим мегардад. Дар ҳалли масъалаҳои пулӣ ба маслиҳати наздикон гӯш диҳед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *