Толеъномаи 4-уми ноябри соли 2021

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Вазъи саломатиятон нисбатан беҳтар мегардад. Нақшаву ниятҳоятон натиҷаи дилхоҳ намедиҳанд. Барои бастани шартномаву маслиҳатҳои гуногун рӯзи номусоид аст. Мушкилӣ дар ҳаёти шахсӣ ё бад шудани вазъи саломатиятон имкон дорад. Дар ин рӯз саховатмандӣ, туҳфа кардану хоҳишеро иҷро намудан хуб аст. Аз касе ранҷидану гиря кардан манъ аст.

Савр (21 апрел-22 май)

Азбаски барои ғалатҳои содиркардаатон масъулият ба дӯш гирифтан намехоҳед, ба роҳи макру ҳилла рафтанатон лозим меояд. Ин муваққатан аст. Дер ё зуд ҳақиқат рӯйи об баромада, вазъиятро ислоҳ карданатон лозим меояд. Ногувориҳои қисми аввали рӯз боиси пеш омадани мушкилоти пулӣ, хабарҳои нохуш ё муноқиша бо наздикон мегардад.

Ҷавзо (23 май- 21 июн)

Вазъи саломатиятон дар ин рӯз нисбатан беҳтар мегардад. Рӯзи хубест барои бастани шартномаву маслиҳатҳо. Зери таъсири нафаре монда, фиреб гуфтану лоф заданатон эҳтимол дорад. Дар ин рӯз аз робита ва ҷойҳои серодам худдорӣ намоед. Дӯстдоштаатон ба дастгирии шумо ниёз дорад.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Дар касбу коратон нобарорӣ рух дода, нақшаву ниятҳоятон натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Танҳо корҳои пештараатон фоида меоранд. Бо кӯмаки дӯстон, хешу табор ва нафарони некхоҳ муваффақ мегардед. Атрофиён аз шумо кӯмаку дастгирӣ мехоҳанд. Ба саломатии худ бодиққат бошед.

Асад ( 23 июл- 23 август)

Нафароне, ки бо эҷодкорӣ ва тиҷорат машғуланд, дар ин рӯз корашон рӯ ба таназзул меорад. Таъсири нафарони бегона ё хабари дурӯғ боиси аз даст додани маблағи пулӣ мегардад. Зимни робита бо ҳамкорон ё шахсони наздик аз ҳад зиёд ба якравӣ роҳ надиҳед, асабхаробӣ ё муноқиша имкон дорад.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Тамоми мушкилии дар ин рӯз ба саратон омада бо масъалаҳои молиявӣ вобастагӣ доранд. Эҳтимоли сарфи ғайринақшавии маблағ вуҷуд дорад, ки ба буҷаатон таъсири калон мерасонад. Гунаҳкоронро наҷуста, асабонияту ғазаби худро ба сари наздиконатон фурӯ нарезед, вагарна оқибати нохуш ба бор меорад.

Мизон (24 сентябр- 23 октябр)

Дар ин рӯз ба корҳои шубҳанок машғул нашавед. Рӯзи хубест барои робита бо ҳамфикрон ва ҳамкорӣ бо нафарони воломақому баобрӯ. Нофаҳмиҳои хурд ба зудӣ рафъ гардида, ба рафти ҳодисаҳои рӯз таъсири ҷиддӣ намерасонанд. Бегоҳирӯзӣ хастагиву асабониятро ҳис мекунед.

Ақраб (24 октябр- 22 ноябр)

Имрӯз оромии оилаи шумо вайрон мегардад ва сабаби муноқиша рашки муқаррарӣ аст. Дар сурати рух додани чунин вазъият ба оташ равған нарехта, кӯшиш намоед, ки муноқиша бартараф гардад. Вохӯриҳои ошиқона дар ин рӯз танҳо ногуворӣ меоранд. Хатари хурӯҷ намудани бемориҳои музмини нафарони калонсол имкон дорад.

Қавс ( 23 ноябр – 21 декабр)

Рӯзи душвор аст. Таъсири нафарони бегона ё маълумоти дурӯғ боиси аз даст додани маблағи пулӣ мегардад. Ба сафару саёҳат равона нагардед, сафаратон бебарор анҷом меёбад. Нохушиҳои калони вобаста бо молу мулк: сӯхтор, шикастани ашёи хона ё ғорат имкон дорад.

Ҷаддӣ (22 декабр- 20 январ)

Дар ин рӯз ба тамоми ҳодисаҳое, ки дар атрофатон рух медиҳад, бодиққат бошед. Оиди масъалаи муҳиме маълумот ба даст оварда, маслиҳати судманд ва пешниҳоди ҷолиб мегиред. Дар оянда ин дастовардҳо ба шумо лозим мешаванд. Бо шахси дӯстдоштаатон низоъ карда, аз ҳам ҷудо шуданатон эҳтимол дорад.

Далв (21 январ- 20 феврал)
Дар ин рӯз хатари фиреб хӯрдану ба хиёнат гирифтор шуданатон зиёд аст. Барои бастани ақди никоҳ, хариду фурӯш, иваз кардани хона рӯзи мусоид нест. Нафарони худхоҳу дилсиёҳ аз содагиву зудбоварии шумо истифода бурдан мехоҳанд. Ҳар қадаре бегоҳирӯзӣ наздик шавад, ҳамон андоза бо дигарон забон ёфтанатон душвор мегардад.

Ҳут (21 феврал- 20 март)

Дар ин рӯз табъатон болидаву саломатиятон хуб аст. Рӯзи хубест барои ишқбозӣ ва рафъи мушкилиҳои пештара. Истироҳати бофароғат дар ҳавои тоза ва хоби бароҳат хастагиятонро баъди рӯзи пуршиддати корӣ рафъ месозад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *