Толеъномаи рӯзи 3 март
Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз ба пул сахт эҳтиёҷ пайдо мекунед. Бегонаҳоро аз нияту нақшаҳои худ огаҳ накунед, вагарна гапи зиёдатӣ гуфта ба худатон зарар мерасонед. Душманон як камбудиятонро ёфта, ғайбату овоза мекунанд ва ин боиси асабхаробиятон мегардад. Сафарҳои роҳи дурро ба таъхир гузоред, вагарна хатари рух додани вазъиятҳои ногувор имкон дорад.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Дар ин рӯз таънаву маломати тарафайн имкон дорад, аз ин лиҳоз ба ҳуҷум омода бошед. Дар рафъ намудани мушкилиҳо аз ҳад зиёд асабӣ нашаведу ба қаҳру ғазаб роҳ надиҳед. Нақшаҳои кашидаатон баногаҳ вайрон мешаванд, вале руҳафтода нашавед. Бегоҳирӯзӣ меҳмонҳои нохондаро интизор бошед. Саломатии худро эҳтиёт кунед.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Дар ин рӯз аз ҳар кори ночиз асабӣ мешавед. Мушкилу камбудиҳои калонро мардона ва дар танҳоӣ рафъ месозед. Ба масъалаи хӯрокатон диққати бештар ҷудо намоед. Барои хӯрдани хӯроки серғизо пулро сарфа накунед. Хусусан аввали рӯз ишкаматонро нағзакак сер кунед. Аз шахси дӯстдошта ё волидонатон кӯмаки молиявӣ имкон дорад.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Дар ин рӯз наздикон аз шумо қадаму рафтори ҷасуронаро интизоранд. Беҳ шудани вазъи молиявиатон имкон дорад. Кӯшиш намоед, ки табъи хушу болида ҳамсафаратон бошаду каме бо машқи бадан машғул шуда, саломатиро беҳтар созед. Мардҳо бояд фаромӯш насозанд, ки баъди чанд рӯз иди бонувон аст ва дар фикри туҳфаи арзанда ба хонумҳои худ шаванд.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Дар ин рӯз корҳоятон барор гирифта, хусусан дар ҷодаи ишқу муҳаббат хушхабар мешунавед. Нафаронеро, ки ба хотири шумо ҷонашонро қурбон мекунанд, қадр намоед. Маоши худро дар чанд рӯз сарф карда, тамоми моҳ бепул монданатон имкон дорад. Бегоҳирӯзӣ аз дарди сар азият кашиданатон эҳтимол дорад, вале ин ҳолати шумо муваққатӣ аст.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Дар ин рӯз саросема шуда, маблағи дар даст доштаи худро сарф накунед. Камбудиҳое, ки имрӯз сар мезананд, аз пешомади мушкилиҳои ҷиддӣ дарак медиҳанд, ки бояд аз пайи рафъ карданаш шавед. Бо нафароне, ки бо шумо ҷанг мекобанд, сар ба сар нашавед. Сунбулаҳои муҷарраде, ки дар фикри оиладоршавӣ афтидаанд, ба саросемагӣ набояд роҳ диҳанд. Эҳтимол шумо дӯстдоштаи худро хуб наомӯхтаед.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Дар ин рӯз ба фикру ақидаи наздикони худ бодиққат гӯш дода, аз нақшаву корҳояшон бохабар гардед. Тағйиротҳои куллӣ дар ҳаётатон дида намешавад, вале барои беҳтар намудани вазъи зиндагӣ бояд кӯшиш ба харҷ дода, манбаҳои нави даромадро ҷӯё шавед. На танҳо саломатии худ, балки саломатии наздиконатонро эҳтиёт кунед. Ба худтабобаткунӣ роҳ надиҳед.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Рӯзи серташвиш аст, худро ба даст гиред. Хусусан пулҳои худро нағзакак пинҳон намоед, инчунин харид кардану қарз доданро маслиҳат намедиҳем. Ба асабонияту хасташавӣ низ роҳ надиҳед. Системаи асабатон дар ин рӯз хеле нозук мегардад. Ақрабҳои муҷаррад ногаҳон ошиқ мешаванду зиндагияшон нуру сафои тоза мегирад.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Гардишҳои ногаҳонии қисмат дар масъалаҳои молиявӣ ва касбу коратон дида мешавад. Ба хонаи нав кӯчидан, таъмир ва машваратҳои ҳуқуқӣ хуб анҷом меёбанд. Дар ин рӯз одати гапро ба рӯйи одам гуфтанро партоед. Агар нияти беҳтар сохтани буҷаи худ ё бо ободонии хонаву дар машғул шудан хоҳед, айни муддао аст. Мулоқоти ошиқона табъатонро болида месозад.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Агар дар ин рӯз байни волидон ва шахси дӯстдоштаатон интихоб кардан лозим ояд, ҳаёти шахсии худро интихоб намоед. Рӯзи бобарорест барои шинос кардани аҳли оила бо шахси дӯстдошта. Барои он ки пулҳоятон зуд тамом нашаванд, рӯйихати хароҷоти ҳаррӯзаи худро тартиб дода, маблағро тақсим кунед. Вазъи саломатии худро аз наздиконатон пинҳон накунед.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Нақшаҳои оилавӣ дар ин рӯз аз дигар ниятҳоятон муҳимтар мешаванд. Хариди хӯрокворӣ, таъмири хурд ва дигар корҳоятон бобарор анҷом меёбанд. Эҳтимоли шамол хӯрданатон имкон дорад, сари вақт чора андешида масунияти баданро мустаҳкам созед, вагарна баҳорро дар бистари беморӣ паси сар мекунед.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Дар ин рӯз аз корҳои вазнини ҷисмонӣ худдорӣ намоед, вагарна осеб ёфтани мушакҳо ва ҷароҳат бардоштанатон эҳтимол дорад. Хайру саховат карданатон хуб аст, вале дар бораи худ низ фикр кунед. Дар рафъи масъалаҳои молиявӣ устокорона амал мекунед. Кордатон болои равған гашта, камбудиҳоро ҳал мекунед. Мулоқоти ошиқонаро бегоҳирӯзӣ ба таъхир гузоред, вагарна табъатон хира мегардад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ