Толеъномаи рӯзи 8 март
Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Барои он ки муносибатҳоятон бо шахси дӯстдошта вайрон нашавад, бояд якдигарро дарк карда тавонед. Албатта ин кор чандон осон нест, вале сабру таҳаммул ва меҳрубонӣ шуморо ба мақсад мерасонад. Рӯзи бахшиши гуноҳҳо ва тавбаву панду насиҳат аст. Қаҳру ғазабро аз худ дур сохта, сифатҳои беҳтарини худро нишон диҳед. Муноқиша кардану гиря кардан дар ин рӯз манъ аст.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Дар ин рӯз қаҳру ғазаб ва эҳсосоти манфиро аз худ дур созед. Инчунин буридани дарахт ва решакан кардани гулу растаниҳоро тавсия намедиҳем. Рӯзро дар ҳалқаи наздикон ва дӯстони ҷонӣ гузаронед. Ба саломатии худ бодиққат бошед. Нӯшидани нӯшокиҳои спиртиро тавсия намедиҳем. Барои шод сохтани хотири ёратон аз мушкилиҳояш ҳамеша бохабар бошед.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Дар ин рӯз бо касе шинос шуданро тавсия намедиҳем, таъсири нафари бегона ба ҳаёти шахсиятон оқибати ногувор оварда, сабабгори нофаҳмиву ташвиши зиёде мегардад. Хуб мебуд, ки мулоқоти ошиқонаро ба рӯзи дигар монед, имрӯз андаке худро нотоб ҳис карданатон имкон дорад. Ҳангоми интихоби туҳфа вазъи молиявии худро ба инобат гиред.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Бо сабабҳои ба шумо номаълум вазъи молиявиатон бад мегардад. Рӯзҳои наздик ба умеди ягон манбаи даромад нашавед. Беҳтараш аз пайи сарфа кардани пул шуда, ба саломатӣ ва хӯроки худ бодиққат бошед. Аз пурхурӣ бемор шуданатон эҳтимол дорад. Содаву зудбовар нашавед, бо нафаре, ки ба наздикӣ шинос шудаед, ба мулоқоти ошиқона наравед.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Рӯз барои робитаву шиносоиҳои нав бобарор аст. Ҳангоми ба бозору мағоза рафтан ба кисаатон нигоҳ карда харид кунед, вагарна ба зудӣ бепул монда, табъатон хира мегардад. Табъи хуши дӯстдоштаатон аз меҳрубонии шумо вобастагӣ дорад. Агар шамол кашида бошед, беҳтараш рӯзро дар хона гузаронед, вагарна бемориятон тӯл мекашад.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Дар ин рӯз аз пешниҳодҳои фиребанда , шиносоиҳои тасодуфӣ ва амалҳои хавфнок худдорӣ намоед. Хабари ногаҳонӣ боиси тағйир ёфтани нақшаву ниятҳоятон мегардад. Харидорӣ намудани либосу ҷавоҳиротро тавсия намедиҳем, вагарна моли бесифатро ба даст меоред. Инчунин либосҳои куҳна ё ҳуҷҷатҳои нодаркорро низ напартоед.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Имрӯз аз ҳар лаҳзаи ҳаёт ҳаловат бурда метавонед. Корҳои ҳаррӯзаро як тараф гузошта, бо шуғле, ки боиси хушҳолиятон мегардад, машғул шавед. Сафарҳои роҳи дур бобарор анҷом ёфта, бо нафарони аҷиб шинос мешавед. Дар ҳаёти шахсӣ душворӣ пеш меояд, шумо бояд аз ду нафари бароятон писанд якеро интихоб намоед.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Қисми аввали рӯз ташвишу мушкилатон зиёд гашта, сари вақт бояд чораандешӣ кунед. Маблағгузорӣ ва хариди калон карданро тавсия намедиҳем, вагарна пули зиёдро аз даст медиҳед. Бегоҳирӯзиро ба истироҳат бахшида, нисбати шахси дӯстдоштаатон муносибати сард накунед. Сабаби камқувват шуданатон норасоии витаминҳо дар ҷисматон аст.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Дар ин рӯз ба баҳсу мунозира роҳ надода, ҳангоми кор бо асбобҳои техникӣ ҳушёриро пеша намоед. Хатари зиёди ҷароҳат хӯрдану ба садама гирифтор шуданатон вуҷуд дорад. Ба ҳама гуна ҳодисаҳои ногаҳонӣ омода бошед. Бо худ маблағи калони пулиро нагардонед, хатари ба доми дуздон афтиданатон зиёд аст. Бо дағалгуфторӣ шахси бароятон азизро ранҷонида метавонед.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Рӯзи серташвиш аст. Маблағи дилхоҳро ба даст оварда наметавонед, сафаратон бебарор анҷом меёбад. Аз пешниҳодҳои фиребанда худдорӣ намуда, бо нафарони тасодуфӣ шинос нашавед. Аз нобарориҳо руҳафтода нашавед, вагарна саломатиятон нохуб гашта, чанд муддат нотоб мегардед. Дӯстдоштаатон хотиратонро шод месозад.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Дар ин рӯз дар муносибатҳоятон бо ҳамкорон мушкилӣ сар мезанад. Ғалату нобарориҳо боиси руҳафтодагӣ ва аз атрофиён дилмонда шуданатон мегардад. Каме даромади пулӣ ва хариди бобарор карданатон имкон дорад. Муносибатҳоятон бо шахсе, ки дӯсташ медоред, гармтару самимитар мешаванд.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Дар ҳама кор андозаро нигоҳ доред. Ба коре, ки ба зудӣ ва босифат иҷро карда наметавонед, даст назанед. Барои табобат кардану аз одатҳои бад даст кашидан рӯзи бобарор аст. Машқи бадан кардану серҳаракатӣ ба фоидаи шумост. Дар ин рӯз пул сарф накунед, вагарна баракти пул мепарад. Барои мулоқоти ошиқона рӯзи бобарор аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ