Толибон қасди хароб кардани манори 800-соларо доранд

Ҷунбиши Толибон барои хароб кардани манори Ҷом дар вилояти Ғури Афғонистон, ки таърихи 800-сола дошта ва ба феҳристон мероси таърихии ЮНЕСКО шомил шудааст, талош кардааст.

Ҷунбиши Толибон барои хароб кардани манори Ҷом дар вилояти Ғури Афғонистон, ки таърихи 800-сола дошта ва ба феҳристон мероси таърихии ЮНЕСКО шомил шудааст, талош кардааст.

Бино ба гузориши расонаҳои Афғонистон, барои ҳифзи ин ёдгории таърихӣ аз ҷумлаи неруҳои амниятӣ ва сокинони маҳаллӣ посгоҳҳои назоратӣ ташкил шудаанд.

Рӯзи 29 май ҷангиёни Толибон ба ин посгоҳҳо ҳамла карда ва 18 тан аз кормандони ниҳодҳои амниятиро куштанд.

Абдуҳамид Наттоқӣ, узви Шӯрои вилояти Ғур ба хабарнигорон гуфтааст, ки дар пайи ҳуҷуми Толибон неруҳои амниятии Афғонистон аз маҳал фарор кардаанд.

Ҳамчунин, ба гуфтаи Наттоқӣ деворҳои манори Ҷом бар асари ҷорӣ шудани сел осеб дида ва сокинон аз тариқи ҳашар онро таъмир кардаанд.

Ғур аз вилоятҳои қашшоқи Афғонистон ҳисоб ёфта ва Ҷунбиши Толибон ва гурӯҳҳои дигари мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар ин вилоят фаъоланд.

Манори Ҷом дар соли 1180 бунёд шуда ва баландиаш 65 метр аст. Манор нақшу нигори зебо ва катибаҳои исломӣ дорад.

Ҷунбиши Толибон дар соли 2001 дар вилояти Бомиёни Афғонистон муҷассамаи бузурги Буддоро, ки таърихи 1500- сола дошт, тарконда ва нобуд карданд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ин амали ваҳшиёнаро шадидан маҳкум карда буданд.

Ҳамчунин, Толибон пас аз тасарруфи шаҳри Кобул дар соли 1996 дар Музейи миллӣ даҳҳо ашёҳои қаблазисломиро нобуд карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *