Толибон дар Бағлон талафоти калон доданд
Толибон (мамнӯъ дар Тоҷикистон) дар набардҳои шадид дар вилояти Бағлони Афғонистон талафоти калон доданд. Дар ин бора «Коммерсант» бо такя ба манбаъҳои Ҷабҳаи Муқовимат (NSF) менависад. Ба навиштаи рӯзнома, ҷанг дар ноҳияҳои Деҳ-Салоҳ ва Пули Ҳисор рух додааст. Толибон беш аз 60 нафарро аз даст доданд ва пас аз он тасмим гирифтанд, ки ақибнишинӣ кунанд. Бори аввал аст, ки мақомоти Толибон задухӯрдро расман тасдиқ карданд. Онҳо гуфтанд, ки се фармондеҳи калидии панҷшериҳо аз байн бурда шудаанд. Қайд карда мешавад, ки вилояти Бағлон дар ҷанубу шарқ бо вилояти Панҷшер ҳамсарҳад аст. Панҷшер як маркази нави муқовимат аз лаҳзаи ба даст овардани Толибон дар Афғонистон аст. Пештар маълум шуд, ки дар минтақаи Андароби вилояти Бағлон ду фармондеҳи Ҷабҳаи муқовимати Афғонистон дар набардҳо бо ҷангиёни Толибон кушта шудаанд. Тавре ки ҳамсӯҳбати оҷонсӣ гуфт, дар натиҷаи задухӯрдҳо 7 толиб нест карда шудаст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ