Толибон одамонро мекшанду ба наздиконашон ҳатто иҷозати дафнро намедиҳанд
Фармондеҳ Солеҳ Муҳаммад Регистонӣ дар як паёми видеоӣ аз ҷинояткориҳои «Толибон»* аз рӯзи вурудашон ба Панҷшер хабар додааст
Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ, фармондеҳи низомии Ҷабҳаи Муқовимати миллии Афғонистон дар як муроҷиати видеоии худ изҳор дошт, ки «Толибон»* алайҳи мардуми бесилоҳ ҷиноётро раво мебинанд.
Ӯ дар муроҷиатномаи ҷадиди худ, ки дар куҳистони Панҷшер сабт шудаасту ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардид, изҳор медорад, ки «Толибон»* бидуни иҷозати мардум вориди хонаҳояшон мешаванду бозҷӯӣ мекунанд, ки хилофи фармудаҳои Қуръон аст.
Фармондеҳи муқовимат инчунин иттилоъ дод, ки ҷангиёни «Толибон»* мардуми бегуноҳу бесилоҳро ба зиндони Кописо интиқол медиҳанду бархеро мекушанд ва ба наздиконашон ҳатто иҷозати дафнро намедиҳанд.
Регистонӣ аз созмонҳои байналмилалӣ даъват кард, ки аз зиндони Каписо боздид намоянду аз шароити сангину шиканҷаи зиндониён огоҳ шаванд.
Фармондеҳи муқовимати миллӣ инчунин аз озори мардуми ғайримусаллаҳ дар Панҷшер гуфт, ки «Толибон»* аз онҳо талаб доранд ё силоҳ биоранд ё пул супоранд. Назари «Толибон»* дар мавриди изҳороти Регистонӣ феълан маълум нест.
Дар навор Регистонӣ таъкид мекунад, ки муқовимат зинда асту иҷозат намедиҳад, ки гуруҳи ҷинояткори «Толибон»* бар сарзамини озодихоҳи Панҷшер мусаллат шавад.
Ҳоло нерӯҳои Ҷабҳаи Муқовимат дар дараҳои фаръии вилояти Панҷшер паноҳ бурда, изҳор медоранд, ки муборизаро барои ташкили як давлати исломии муътадил бо риояи арзишҳои мардумсолорӣ ва ҳуқуқи инсон, аз ҷумла занон идома медиҳанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ